Мантиқ

Аз рўи қоидаи ДИ фарзияи В хориҷ карда шудааст, ба ҷои Г маҷмўи формулаҳои (АВ) → С ва А, яъне ((AB) → C, A) омадааст. Аз ин рў, дар қатори 6 – ум мо формулаи ((AB)→C,A)B→C-ро ҳосил кардем.
Пайдарпаии формулаҳои 1-6 чунин маъно дорад: аз муқаддимаҳои (AB)→C ва А формулаи B→C бармеояд. Ниҳоят дар қатори 8-ум қоидаи ДИ нисбат ба формулаи (AB)→CA→(B→C) татбиқ шудааст ва Г маҷмўи холӣ мебошад. Ба ҳамин тариқ, формулаи зерин исбот шудааст:
((AB) →C) → (A→ (B→C))
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки яке аз усулҳои асоснок намудани қоидаҳои ғайриасосӣ - муҳокима ё исботи хулф мебошад. Дар чунин навъи муҳокимаҳо ба маҷмўи муқаддимаҳои иловагӣ инкори натиҷа ҳамроҳ шуда, сипас мувофиқи қоидаҳои натичагирӣ аз онҳо натиҷа бароварда мешавад.
Агар ҳангоми муҳокимарониҳо ба муҳол (абсурд) дучор шаванд (яъне бемаънигиҳо рўй диҳанд), пас фарзия (яъне инкори натиҷа) дурўғ ҳисобида мешавад. Аз ин ҷо, дар бораи ҳақ будани натиҷа хулоса бароварда мешавад:
Г, ┐АВ, Г, ┐А┐В
Г├А
Қоидаҳои натиҷагирӣ ва қонунҳои мантиқ бо ҳам зич алоқаманданд.
Барои ҳар як қоидаи натиҷагирӣ ягон қонуни мантиқ мувофиқ меояд.
Масалан, қоидае, ки мувофиқи он аз муқаддимаи «Агар Офтоб барояд, пас рўз аст», натиҷаи «Агар рўз набошад, пас Офтоб набаромадааст» бармеояд, ин тавр баён карда мешавад: « Аз ҳукми шаклаш А→B шояд ҳукми шаклаш ┐B→┐A барояд». Ба қоидаи мазкур қонуни мантиқии зерин мувофиқ меояд:
(p→q)→( ┐q→┐p)
Машқҳо доир ба мантиқи гуфтор
- Муҳокимаҳои мушаххас тартиб диҳед, ки аз рўи қоидаҳои асосии (мустақим ва ғайримустақим) натиҷагирии мантиқи гуфтор сурат гирад.
- Барои қоидаҳои асосии мантиқи гуфтор қонунҳои мантиқи ба онҳо мувофиқро баён намоед.
- Қоидаҳои зерини ғайриасосии мантиқи гуфторро исбот кунед:
Қоидаи инкори дизъюнксия-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё