Мантиқ

Агар, мо кўшиши рахнаи ҳалқаи муҳосираро пеш нагирем, пас хавфи аз гуруснагӣ ҳалокшавӣ ба миён меояд».
4) Аз муқаддимаҳои зерин натиҷа бароварда шавад:
а) агар вай якрав бошад, пас вай шояд хато кунад; б) агар вай ростгўй бошад, пас вай якрав нест; в) агар вай якрав набошад, пас вай на бояд дар як вақт хато кунад ва ростгўй бошад.
5) Тавассути муҳокимаҳои «хулф» ва қоидаҳои мувофиқи мантиқи гуфтор дурустиии қонунҳои мантиқ исбот шаванд:
p≡ p-қонуни айният ℸ (pℸp)-қонуни зиддият pVℸp-қонуни истиснои солис ℸℸp→p-қонуни хориҷи инкори дукарата ((p→q) p)) →q-модуси тасдиқии қиёси шартию қатъӣ ((p→q) ℸq) →ℸp-модуси инкории қиёси шартию қатъӣ ((pVq) ℸp) →q-модуси инкорию тасдиқии қиёси мунфасили қатъӣ (p→q) → ((q→r) → (p→r))-қонуни қиёси шартӣ (ℸpℸq) → ℸ (pq) -қонунҳои де Морган (ℸpℸq) →ℸ (pVq) (pℸp)→q- “аз зиддият ҳар чиз бармеояд”.
4.Тавассути муҳокимаҳои «хулф» исбот кунед, ки натиҷагирии зерин ба қонунҳои мантиқ мувофиқанд: а) агар ту якрав набошӣ, пас ту шояд ақидаи худро тағйир диҳӣ, агар ту ақидаи худро тағйир дода тавонӣ, пас ту шояд дурўғ будани ҳукми мазкурро эътироф намоӣ. Бинобар ин, агар ту якрав набошӣ, пас шояд ту дурўғ будани ҳукми мазкурро эътироф намоӣ; б) агар ман фардо ба дарси якум рафтанӣ бошам, пас бояд аз хоб барвақт хезам, вале агар бегоҳ ба кино равам, пас дер хоб мекунам. Агар дер хоб кунаму барвақт хезам, пас маҷбур ҳастам, ки ба хоби панҷсоата қаноат кунам. Хоби панҷсоата барои ман кифоягӣ намекунад. Бинобар ин, ман ё ба дарси якўм намеравам, ё ба кино.
§4. Натиҷагирии мантиқи предикатҳо.
Дар мантиқи анъанавӣ ду навъи натиҷагирии мазкур маълум буданд:
натиҷагирии бевосита ва қиёси (силлогизм) соддаи қатъӣ. Дар натиҷагирии мантиқи предикатҳо на танҳо робитаи байни ҳукмҳо, балки сохти дохилии онҳо, яъне таносуби истилоҳот (субъект ва предикат) ба инобат гирифта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё