Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аз ҳамин сабаб, натиҷагирии мантиқи предикатҳоро, натиҷагирии қиёсӣ (силлогистикӣ) низ меноманд.
Дар мантиқи муосир ду навъи натиҷагирии қиёсӣ маъмуланд: натиҷагирии бевосита ва бавосита.
Натиҷагирии бевосита. Натиҷагирие, ки дар онҳо танҳо аз як муқаддима натиҷа гирифта мешавад, натиҷагирии бевосита ном доранд.
Муқаддимаи ин натиҷагирӣ ҳукмҳои куллии тасдиқӣ (А), куллии инкорӣ (Е), ҷузъии тасдиқӣ (I) ва ҷузъии инкорӣ (О) мебошанд.
Натиҷагирии бевосита тавассути усулҳои зерин сурат мегирад: натиҷагирӣ аз рўи «мураббаи мантиқӣ», табдил, акс, муқобилгузорӣ ба предикат ва муқобилгузорӣ ба субъект.
Натиҷагирӣ аз рўи «мураббаи мантиқӣ» ин гуна натиҷагирӣ ба муносибати байни ҳукмҳои содаи қатъӣ (А,Е, I,О), ки онро мо тавассути «мураббаи мантиқӣ» муайян карда будем, асос ёфтааст:
Ҳукмҳои А, Е, I, О (куллии тасдиқӣ, куллии инкорӣ, ҷузъии тасдиқӣ, ҷузъии инкорӣ)-ро мувофиқан ин тавр ишора мекунем:

SaP, SeP, SiP, SoP

Акнун фарз мекунем, ки ҳукми навъи Sa P ҳақ бошад. Он гоҳ «мураббаи мантиқӣ» имконият медиҳад, ки натиҷагирии зерин ҷой дошта бошад:
SaP=>SiP; SaP→ℸSeP; SaP→ ℸSoP

Агар ҳукми SaP дурўғ бошад, он гоҳ натиҷагирии зерин дуруст аст:

ℸSa P→So P

Мисли ҳамин собит кардан мумкин аст, ки ин натиҷагирӣ низ дуруст мебошад:

SiℸP=>SeP; ℸ SiP=>ℸ SaP; ℸ Si P=> So P; ℸ Si P=> Se P; Se P=>SoP;
SeℸP=>Sa P; Se P=>ℸ Si P; ℸSe P=>Si P; So P=>ℸ Sa P; ℸ So P=> ℸ Se P; ℸSo
P=> Sa P; ℸ So P=> Si P

Барои муайян кардани дурустии схемаи натиҷагирӣ, онро нисбати
ҳукми мушаххас месанҷем. Бигузор ҳукми «Ҳамаи адвокатҳо ҳуқуқшиносанд» дода шуда бошад, он гоҳ дар асоси муносибати тобеият натиҷа
бармеояд, ки «Баъзе адвокатҳо ҳуқуқшиносанд». Дар асоси муносибати
муқобил натиҷа бармеояд, ки « Ҳеҷ як адвокат ҳуқуқшинос нест». Дар асоси муносибати зиддият натиҷа бармеояд, ки «Баъзе адвокатҳо ҳуқуқшинос нестанд» ва ғайра.

пешина
аз 262
навбатӣ