Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Намудҳои (модусҳо) қиёс. Маълум шуд, ки муқаддимаҳои қиёси содаи қатъӣ ҳукмҳои намуди А,Е,I ва О мебошанд. Ҳар як қиёс аз се ҳукм таркиб меёбад. Пас, маълум мешавад, ки адади умумии имконпазири ҳолатҳоро аз
3 3 рўи формулаи 4муайян кардан мумкин аст. Адади (4=64) миқдори умумии қиёсҳое, ки аз чор навъи ҳукмҳо тартиб меёбанд, ифода мекунад. Лекин аз 64 қиёс ҳамагӣ 19 тоаш қиёсҳои дуруст мебошанд. Боқимондашон қиёсҳои нодурустанд, зеро дар онҳо қоидаҳои умумӣ ва қоидаҳои махсуси шаклҳои қиёс риоя намешаванд. Аз нўздаҳ қиёси дуруст чортоаш барои шакли якум, чортоаш барои шакли дуюм, шаштоаш барои шакли сеюм ва панҷтои дигараш ба шакли чаҳорум тааллуқ доранд.
Модус гуфта намудҳои қиёсро меноманд ки онҳо аз якдигар аз рўи тавсифи сифатӣ ва миқдории муқаддимаҳо фарқ мекунанд.
Барои муайян намудани намудҳои дурусти қиёс донистани қоидаҳои умумии қиёс ва қоидаҳои махсуси шаклҳо кифоя аст.
Намудҳои (модусҳои) шакли якўм: ААА, ЕАЕ, АІІ, ЕІО.
Агар аз рўи шакли якўм нависем.

  1. МаР Ҳамаи М – Р аст SаМ Ҳамаи S - М аст SаР Ҳамаи S – Р аст.

  2. МеР Ҳеҷ як М – Р нест
    SаМ Ҳамаи S – М аст
    SеР Ҳеҷ як S - Р нест.

  3. МаР Ҳамаи М – Р аст
    SiМ Баъзе S – М аст
    SiР Баъзе S – Р аст.

  4. МеР Ҳеҷ як М – Р нест
    SiМ Баъзе S – М аст
    SоР Баъзе S – Р нест

Намудҳои шакли дуюм: ЕАЕ, АЕЕ, ЕІО, АОО
Аз рўи шакли дуюм менависем:

  1. РеМ Ҳеҷ як Р- М нест.
    SаМ Ҳамаи S – М аст.
    SеР Ҳеҷ як S – Р нест.
пешина
аз 262
навбатӣ