Мантиқ

Муносибати ҳадро бо ёрии доираҳои Эйлер муайян карда, мебинем, ки қиёси мазкур ноду- S
М руст аст.
Аз расм бармеояд, ки ин шахс шояд қаллоб не, лекин ҷинояти дигаре содир карда бошад.
Қоидаи муқаддимаҳо:
1.Аз ду муқаддимаи ҷузъӣ ҳеҷ гуна натиҷа баровардан мумкин нест.
Масалан: Баъзе донишҷуёни гурўҳи мо аълохонанд.
Баъзе варзишгарон аълохон нестанд
Баъзе варзишгарон донишҷўёни гурўҳи мо нестанд.
Шакли мантиқии ин қиёсро муайян намуда, муносибати ҳадҳоро бо доираҳо тасвир мекунем:
Р
Баъзе Р – М аст.
S
Баъзе S – М нест. М
Баъзе S – Р нест.
Аз расм маълум аст,ки қиёси мазкур нодуруст аст.
2.Агар якеа аз муқаддимаҳо ҳукми ҷузӣ бошад, пас натиҷа ҳам ҳукми ҷузъӣ мешавад.
Дурустии ин қоида айён аст.
3. Аз ду муқаддимаи инкорӣ ҳеҷ гуна натиҷа барнамеояд.
Масалан: Ҳеҷ давлати Осиёи Марказӣ аъзои НАТО нест.
Белгия давлати Осиёи Марказӣ нест.
Белгия аъзои НАТО нест.
Шакли мантиқии ин қиёсро муайян намуда, муносибати ҳадҳоро ошкор мекунем.
М P
Ҳеҷ М – Р нест
S – М нест
S
S – Р нест
Аз расм маълум аст, ки қиёс нодуруст мебошад.
4.Агар яке аз муқаддимаҳо ҳукми инкорӣ бошад, натиҷа ҳам ҳукми инкорӣ мешавад.
Ин қоида бе ҳеҷ шарҳ фаҳмо аст. Барои он, ки ҳама вақт аз муқаддимаи ҳақ натиҷаи ҳақ бароварда шавад, қоидаҳои умумии қиёсро риоя кардан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё