Мантиқ

Дар давоми асрҳои VIII-XV мантиқ ҳамчун илми мустақил махсусан дар муҳити кишварҳои халқҳои эронинажоду араб инкишоф ёфтааст.
Файласуф ва табиби бузурги тоҷику форс Абубакр Закариёи Розӣ (865- 925) доир ба мантиқ, 9 рисола таълиф намудааст. Асоситарини онҳо «Муқаддимаи мантиқ», «Бурҳон», «Мантиқ аз назари мутакалимони ислом», «Қасидаи мантиқӣ», «Кайфият ул – истидлол» ва ғайра мебошанд.
Абубакри Розӣ дар рисолаҳои мазкур зимни шарҳи мантиқи Арасту, баъзе ақидаҳои ўро низ зери танқид гирифтааст. Вале аз ин осори ў, ба ҷуз маълумоти ҷудогонае, ки зимни китобҳои мунаққидони вай боқист, чизи дигаре дастрас нест.
Абунасри Форобӣ (870 -950) низ 8 рисолаи худро ба мантиқ бахшидааст: «Фаслҳои муқаддимавӣ доир ба мантиқ», «Эйсагога», («Исоғуҷӣ»), «Катағурийас», «Қиёс», «Суфастоӣ», «Хитоба», «Дар бораи қоидаҳои санъати шеър» ва фасли махсус дар «Эҳсо ул–улум». Ақидаҳои мантиқии Форобӣ як зумра масъалаҳои мантиқи давраи асримиёнагии шарқро фаро гирифтааст, бешубҳа, манбаи назарии мантиқи ўро «Арғунун»-и Арасту ташкил мекунад.
Бузургтарин донишманди халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037) дар соҳаи фалсафаю мантиқ, асарҳои зиёд таълиф кардааст. Асоситарини онҳо «Китоб уш–шифо», «Китоб ун–наҷот», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Мантиқ-ул-машриқийин», «Китоби Ҳидоя» мебошанд.
Мутолиаи ин асарҳо нишон медиҳад, ки Ибни Сино масъалаҳои умдатарини илми мантиқро таҳлилу тадқиқ намудааст. Ба ақидаи ў, мантиқ илмест, ки тавассути он чизи номаълум дар асоси чизи маълум шинохта мешавад.
Мантиқ имконият медиҳад, ки дониши ҳақиқӣ аз дониши ғалат фарқ кунонида шавад. Аз ин рў, ба ақидаи Ибни Сино мантиқ илми тарозу ва илмҳои дигар илми суду зиён аст. Ҳар донише, ки бо «тарозу» санҷида нашавад, дониши ҳақиқӣ набувад. Мантиқ аз назари мутафаккир роҳҳои дар зеҳн ҳосил намудани мафхумҳо, ҳукмҳо, қиёсҳо ва чӣ тавр ба мафҳум, ҳукмҳо ва қиёсҳои дигар гузаштанро ошкор менамояд. Ба ҳамин васила зеҳнро аз хатоҳо эмин медорад.
Дар таълимоти Ибни Сино шаклҳои тафаккур (мафҳум, ҳукм, натиҷагирӣ) ва шаклҳои инкишофи дониш ( проблема, савол, фарзия ва таъбир) мақоми махсусро доранд. Аз ҳамин нуқтаи назар таснифи шаклҳои тафаккур, ки аз тарафи Ибни Сино оварда шудааст ба таснифи онҳо дар мантиқи рамзии муосир хеле монанд мебошад. Ба ақидаи Ибни Сино ҳукмҳо сода ва мураккаб мешаванд. Ҳукмҳои сода аз рўи характеристикаи миқдориашон «сур», фардӣ, ҷузъӣ ва куллианд. Ҳукмҳои мураккаб бошанд: шартӣ (импликативӣ), муттасила, мунфасила (дизъюнктивӣ) мешаванд. Аз рўи хусусияти модалиашон (ҷиҳат) ҳукмҳо зарурӣ, ғайризарурӣ, мутлақ, доима, ғайридоима, мумкина (эҳтимолӣ), ғайримумкина ва тасодуфӣ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё