Мантиқ

Вобаста ба он, ки ҳар як аз ҳукм дар қӣёсҳо вазифаи муқаддимаро иҷро мекунанд, бинобар ин Ибни Сино қиёсҳои ҳамлӣ, шартӣ (иқтиронӣ ва истисноӣ) ва модалиро пурра таҳқиқ намудааст. Аз ин рў, низоми мантиқии Ибни Сино назар ба низоми Арасту ва Форобӣ пурраю мукаммалтар аст. Зеро дар таълимоти онҳо на ҳамаи ҳукм ва қиёсеро, ки Ибни Сино мавриди таҳқиқ қарор додааст, дучор шудан мумкин аст. Илова бар ин, як зумра фикрҳои Ибни Сино доир ба ҳукм ва қиёсҳои модалӣ ҷолиби диққат мебошанд.
Дар асарҳои Ибни Сино ва шогирдони ў, идеяҳои мантиқи ғайриклассикӣ низ мақоми муайянро дорад. Агар дар мантиқи классикӣ яке аз принсипҳои асоситарини мантиқ - принсипи истиснои солис ҷой дошта бошад, дар мантиқи ғайриклассикӣ принсипи мазкур риоя намешавад.
Мутафаккирон ва мантиқшиносони бузурги форсу тоҷик, ки баъди Ибни Сино зиндагонӣ кардаанд Абўҳомиди Ғазолӣ (1056-1111), Фахруддини Розӣ (1149- 1209), Котибии Қазвинӣ (ваф.1276), Насируддини Тўсӣ (1201- 1274), Қутбуддини Розӣ (ваф.1364), Саъдуддини Тафтозонӣ (1320-1392) ва дигарон буданд.
Дар осори «Меъёр улулум дар фанни мантиқ», «Меъёр унназар»
(Ғазолӣ) «Лубоб улишорот», «Рисолат ул-Камолия», «Ҷомеъ улулум»
(Фахруддини Розӣ); «Асос улиқтибос», «Шарҳ ул-Ишорот» (Насируддини Тўсӣ); «Рисолаи Шамсия дар баёни қавоиди мантиқ» (Қазвинӣ); «Таҳзиб улмантиқ ва–л-калом» (Тафтозонӣ) пеш аз ҳама масъалаҳои мантиқ ҳарҷониба муҳокима ва таҳқиқ шудаанд. Аз ҷумла, китоби Котибии Қазвинӣ «Рисолаи Шамсия» асрҳои зиёд ҳамчун китоби дарсӣ дар мадрасаҳо хизмат кардааст.
Дар давраи Эҳё ва Замони Нав, вобаста ба инкишофи маърифати таҷрибавӣ тадқиқотҳои мантиқӣ яку якбора ба сўи масъалаҳои методологияи маърифати илмӣ тағйири тамоил карданд. Чунин ҳолатро, махсусан, дар асарҳои Ф. Бэкон (1561-1626) ва Р. Декарт (1596-1650) мушоҳида кардан мумкин аст.
Онҳо ҳангоми таҳқиқи методологияи маърифати таҷрибию ақлонӣ ба хулоса омаданд, ки мантиқи схоластикие, ки ба мантиқи Арасту нисбат дода мешуд, барои таҳлили донишҳои фалсафӣ кофӣ нест. Бинобар ин, мантиқи Арасту ва махсусан, мантиқи асримиёнагии Ғарб ба танқид гирифта шуд.
Масъала гузошта шуда буд, ки таълимоти нави мантиқӣ бунёд шавад.
Танқиди Ф. Бэкон ва Р. Декарт боиси се хулосаи муҳим гардид.
Якум, мантиқи кўҳна, ки аз Арасту оғоз ёфтааст, аҳамияти худро гум кардааст. Зеро, вайро дигар дар баҳсу мунозираҳо ё амалияи бурҳон истифода намебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё