Мантиқ

Фреге (1848-1925) ва дигарон инкишоф ёфта, ҷамъбаст гардидааст.
Дар инкишофи мантиқи рамзӣ, аниқтараш мантиқи риёзӣ саҳми олимони рус П.С. Поретский (1846-1907) ва Е.Л. Бунитский (1874-1952) низ назаррас мебошад.
Аввалин асари бузург доир ба мантиқи рамзӣ – «Рrincipia mathe-matica»
мебошад, ки олимони англис Б. Рассел (1872-1970) ва А. Уайтхед (1861-1947) солҳои 1910-1913 таълиф кардаанд.
Ҳамин тариқ ба фасли мустақили илми мантиқ табдил ёфтани мантиқи рамзӣ ба ибтидои асри ХХ рост меояд Дар натиҷаи истифодаи усулҳои мантиқи рамзӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки мантиқи анъанавӣ ба миён гузошта буд, кашфиётҳое ба амал омаданд, ки мантиқро ба зинаи нави инкишоф бардоштанд. Масалан, ба туфайли асарҳои мантиқшиноси немис Д.
Гилберт (1862-1943) ҳисоби гуфтор ва ҳисоби хабарҳо (предикатҳо) ба амал омаданд, ва қудрати мантиқи муосирро боз ҳам пурзўр намуданд. Бо вуҷуди ин, мантиқи муосир тамоми масъалаҳои мантиқи анъанавиро нигоҳ доштаааст.
Масъалаҳои умдатарини мантиқи муосир дар асарҳои мантиқшиносон:
К. Гедел, С. Клини, А. Тюринг, А. Черч, П.С. Новиков, А.А. Марков, А. Н.
Колмогоров ва дигарон таҳқиқ шудаанд. Мантиқи муосир ба гуногуннавъиаш нигоҳ накарда қонунҳо, шаклҳо ва усулҳои фаъолияти фикриро таҳқиқ менамояд. Азбаски дар зинаи тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) воқеият тавассути забон инъикос мешавад, бинобар ин мантиқ ҳангоми таҳқиқи тафаккур забонро низ таҳлил менамояд, зеро вай олати маърифат аст.
Мантиқи диалектикӣ низ таърихи дуру дароз дорад. Фалсафаи Шарқи қадим ва антиқа аз идеяҳои диалектикии тафаккур бой аст. Аз асрҳои VI-V-и пеш аз милод сар карда, категорияҳои мантиқи диалектикиро истифода мебурданд. Лекин онҳо мураттаб набуданд. Аз ҳамин сабаб мантиқи диалектикӣ ҳамчун илми мустақил вуҷуд надошт. Барои инкишофи минбаъдаи мантиқи диалектикӣ Афлотун ва Арасту саҳм гузоштанд. Баъзе идеяҳои мантиқи диалектикӣ аз тарафи файласуфони асримиёнагии Шарқу Ғарб ва файласуфони замони нав баён шудааст.
Дар давраи Нав, мантиқи диалектикӣ шакли классикиашро дар фалсафаи Кант, Фихте, Шеллинг ва махсусан Гегел ба худ гирифтааст.
Мантиқи диалектикии Гегел, бо вуҷуди характери идеалистӣ доштанаш, таълимоти мураттаб ва мукаммал мебошад.
К. Маркс, Ф. Энгелс ва В.И. Ленин мантиқи диалетикиро дар заминаи материалистӣ таҳқиқ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё