Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Мантиқи диалектикӣ минбаъд дар асарҳои файласуфони муосир инкишоф ёфтааст.
БОБИ III. МАНТИҚ ВА ЗАБОН

§ 1. Забон ҳамчун низоми (системаи) аломатҳо

Мафҳумҳои асосӣ: забон, аломат, категорияҳои семантикии забон, қимат, маъно, ном, хосият, муносибат, нишона, истилоҳоти дескриптивӣ, истилоҳоти мантиқӣ, предикатор.
Маълум аст, ки мантиқ шаклҳои тафаккурро таҳқиқ мекунад, тафаккур бошад бо забон узван пайваст аст, бинобар ин мантиқ илм дар бораи забон низ мебошад. Дар мантиқ ҷиҳатҳои алоҳидаи забонҳои табиӣ ва сунъӣ таҳқиқ мешаванд. Агар забонҳои табиӣ бо таври стихиявӣ пайдо шуда, инкишоф ёбанд, пас забонҳои сунъӣ барои ҳалли ин ё он масъала – ҳамчун забони махсуси мантиқ бунёд мегарданд. Яке аз ин гуна забонҳо забони мантиқи хабар (предикатҳо) ба ҳисоб меравад, ки онро ҳангоми ошкор намудани алоқамандии фикрҳо аз рўи шаклҳои мантиқиашон истифода мебаранд. Бартарии чунин забон дар он зоҳир мешавад, ки дар он бисёрмаъногии ифодаҳои забонӣ бартараф мешавад. Забони мазкур дохил шудани омонимҳо ва ифодаҳои норавшанро истисно мекунад. Ҳамаи инҳо боиси дуруст гардидани тарзи муҳокимарониҳо мешаванд ва фарқи муҳокимаҳои дуруст ва нодуруст осон мегардад.
Ҳангоми таҳлили мантиқӣ, забонро ҳамчун системаи аломатҳо баррасӣ менамоянд. Аломат - мўдраки (объекти) моддиест, ки ҳангоми маърифат ё ки муомилот ҳамчун намояндаи ягон объекти дигар истифода мешавад.
Одатан, дар ҷараёни маърифат се навъи аломатҳо истифода мешаванд: 1.
Аломати индексҳо; 2. Аломати нақшҳо; 3. Аломати рамзҳо (символҳо).
Аломати индексҳо ба объектҳое, ки ифода мекунанд, алоқаманд буда, робитаи онҳо мисли робитаи натиҷа ва сабаб аст. Масалан, мушоҳида шудани дуд аз оташ, баланд гардидани ҳарорати бадан аз беморӣ, тағйири ранги нохунҳо аз касалии узвҳои дарунии инсон, тағйир ёфтани баландии сутунчаи симоб аз тағйири фишори ҳаво шаҳодат медиҳанд.
Аломати нақшҳо (образҳо) – аломатҳое мебошанд, ки ба объектҳои ифода мекардагиашон монанданд. Масалан, харитаи ягон маҳал, расм, нақша ва ғайра.
Аломати рамзӣ – ба объектҳои ифодашаванда, монандӣ ва робита надоранд. Дар илми мантиқ бештар аломатҳои рамзӣ истифода мешаванд.
Аломатҳо дорои қиматҳои ашёгӣ ва маъноги анд. Қимати ашёии аломат гуфта, объектеро меноманд, ки онро аломат ифода кардааст. Қимати маъноии аломат гуфта, тавсифи объектро, ки тавассути аломати мазкур ифода шудааст, дар назар доранд.

пешина
аз 262
навбатӣ