Мантиқ

Мантиқи таҳқиқи арзишҳо муҳокимаҳоеро меомўзад, ки ба мавзўи ахлоқ, нигаронида шудаанд. Мантиқи арзишҳо ва меъёрҳо низ яке аз фаслҳои мантиқи ғайриклассикӣ ба шумор меравад. Ба вуҷуд омадани механикаи квантӣ, боиси пайдоиши мантиқи квантии Д.Фон Нейман ва Д. Биркгоф гардидааст.
Мо дар ин боб, на ҳамаи фаслҳо ва равияҳои мантиқи ғайриклассикиро номбар кардем. Онҳо ниҳоят зиёданд. Гуногуннавъии мантиқ маънои онро надорад, ки онҳо бо ҳам мухолифанд. Бо вуҷуди он, ки дар мантиқ равияҳои гуногун мавҷуданд, ҳамаи онҳо бо якдигар узван пайвастанд, зеро мантиқ ҳамчун илм ягонааст. Ягонагии мантиқ дар он зоҳир мешавад, ки тафаккури инсонро меомўзад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо