Мантиқ

Масалан sin, cos, log, +,., масса, ҳаҷм ва ғайраҳоро функсияҳои ашёӣ мебошанд. Ҳангоми татбиқ намудани аломати функсионалии «масса» ба номи фардӣ «Замин», ифодаи нави «массаи Замин» ҳосил мешавад, ки ин ифода бузургии физикӣ, яъне ашёро ифода
0 мекунад. Айнан ҳамин тавр, агар аломати функсионалии sin ба кунҷӣ 30 татбиқ шавад, адади ½ ҳосил мешавад, ки ин ҳам ашё мебошад. Лекин аломати функсионалии «+» якбора нисбат ба ду чиз (адад), масалан, ададҳои
3 ва 5 татбиқ мешаванд: 3+5=8. Аз ин рў, аломати мазкурро аломати бинарӣ (яъне дорои ду ҷой) меноманд. Ҳамин тариқ, функсияҳои ашёӣ аз ашё ашёро ҳосил мекунанд. Ҳамаи функсияҳои риёзӣ функсияҳои ашёӣ мебошанд.
Соҳаи муайянии функсияҳои мантиқиро ашё ташкил дода, соҳаи қимати онҳо ҳукмҳо, гуфторҳое мебошанд, ки дорои қиматҳои «ҳақ» ё «дурўғ»ҳастанд. Масалан, ҳангоми нисбат ба ашёи муайян татбиқ намудани аломатҳои функсионалии «металл», «донишҷў», «асари бадеӣ», «ҳиссаи нутқ» ва ғайра гуфторҳое ҳосил мешаванд, ки ҳақ ё дурўғанд («Мис металл аст», «Карим донишҷў мебошад», «Одамкушӣ ҷиноят аст», «Ғуломон» - асари бадеист», «Исм – ҳиссаи нутқ аст»).
Акнун истилоҳоти мантиқиро аз назар мегузаронем. Муҳимтарин истилоҳоти мантиқии забони тоҷикӣ, калима ё гурўҳи калимаҳои зерин мебошанд: «аст», «мебошад», «ва», «ё», «агар…, он гоҳ…», «не», «на», «ғайри», «нодуруст аст», «ҳар кадом» («ҳеҷ як»), «ҳамаи» («куллӣ»), «баъзе», «ҳамон…» ва ғайраҳо.
Баъзе аз истилоҳоти зикршуда, масалан, «ва», «ё», «агар…, он гоҳ…»
муносибатҳои воқеиро ифода менамоянд. Аз ин рў, муносибатҳои мазкурро муносибатҳои мантиқӣ меноманд. Онҳоро аз муносибатҳои ғайри мантиқие, ки тавассути истилоҳоти дескриптивӣ ифода карда мешаванд, бояд фарқ кард.
Мисоли зеринро аз назар мегузаронем: «Агар ягон аъзои оилаи Қодировҳо одами дилсоф набошад ва Саид аъзои оилаи Қодировҳо бошад, пас, Саид одами дилсоф намебошад». Муайян мекунем, ки истилоҳоти муҳокимаи мазкур ба кадом категорияҳои семантикӣ тааллуқ доранд.
Истилоҳи «агар…, пас…» - истилоҳи мантиқӣ; «аъзоёни оилаи Қодировҳо» - предикатор; «на» – истилоҳи мантиқӣ; «мебошад («аст») – истилоҳои мантиқӣ; «одами дилсоф» - предикатор; «ва» - истилоҳи мантиқӣ; «Саид»
номи фард.
Пештар таъкид карда будем, ки ҳангоми ошкор намудани шакли мантиқии фикр як қисми мазмуни истилоҳи дескриптивӣ нигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё