Мантиқ

Барои тасдиқи ин фикр ду муҳокимаи зеринро аз назар мегузаронем.
-
Ҳамаи иштирокчиёни ин ҷиноят аз тарафи ҷабрдида шинохта шуд.
Ягон аъзои оилаи Аҳмадовҳо аз тарафи ҷабрдида шинохта нашуд. Аз шахсоне, ки дар содир кардани ин ҷиноят иштирок надоштанд, ягон кас барои содир кардани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Пас, ягон аъзои оилаи Аҳмадовҳо барои содир кардани ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. -
Ҳар шахсе, ки соҳиби ақли солим аст, мантиқро фаҳмида метавонад.
Ҳеҷ як фарзанди Шокир мантиқро намефаҳмад. Одамони девонаро ба овоздиҳӣ роҳ намедиҳанд. Пас, ягон фарзанди Шокирро ба овоздиҳӣ роҳ намедиҳанд.
Истилоҳоти дескриптивӣ ё ки предикаторҳои муҳокимаҳои болоиро бо ҳамин тартибе, ки онҳо ба муҳокимаҳо дохиланд, тавассути тағйирёбандаҳои P,Q,R,S ишора мекунем.
Муҳокимаи якум дорои 4 истилоҳи дескриптивист, ки тартиби дохилшавии он чунин аст:
P - «иштирокчии ин ҷиноят будан», Q - «аз тарафи ҷабрдида шинохта шудан»; R - «аъзои оилаи Аҳмадовҳо» ;
S - «шахсоне, ки барои содир кардани ин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».
Бояд таъкид кард, ки истилоҳи «иштирокчии ин ҷиноят набудан»-ро ҳамчун натиҷаи татбиқи амали мантиқии инкор «на», нисбат ба истилоҳи «иштирокчии ин ҷиноят будан» таъбир намудан мумкин аст.
Натиҷаи амали мазкур дар шакли «не - Р» ё, ки «ғайри- Р» ифода меёбад.
Муҳокимаи дуюм низ дорои 4 истилоҳи дескриптивӣ аст:
P - «соҳиби ақли солим будан»;
Q - «мантиқро фаҳмида тавонистан»; R - «фарзанди Шокир»;
S - «ба овоздиҳӣ роҳ додан»
Ба истилоҳи «девона» истилоҳи «соҳиби ақли солим набудан мувофиқ буда», тавассути «не - Р» ё, ки «ғайри - Р» ифода меёбад.
Агар ифода ва ишораҳои болоиро ба назар гирем, муҳокимаҳои зикршуда мувофиқан, шаклҳои зеринро мегиранд: -
Ҳамаи Р - Q аст.
Ҳеҷ як R - Q нест
Ҳеҷ ғайри – Q - S нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё