Мантиқ

ё) (,) – қавсҳо; ж) , - вергул.
Ҳамаи ифодаҳои забони мантиқи предикатҳоро формулаҳо меноманд.
Дар байни онҳо формулаҳои дуруст тартиб дода шуда (ФДТ) – муайян мешавад.
Таърифи терм:
a) константаҳо ва тағйирёбандаҳои фардӣ термҳо мебошанд; б) ғайр аз а) ягон чиз терм намебошад.
Таърифи ФДТ (формулаи дуруст тартиб дода шуда):
а) аломатҳои пропозитсионалӣ ФДТ мебошанд; K б) агар t1,t2,t3,t4,…tk - термҳо ва А – предикатори к- ҷоя бошад, онгоҳ K А (t1,t2,t3,…tk) – ФДТ мебошад; в) агар А ва В – ФДТ ва α - тағйирёбандаи фардӣ бошад, он гоҳ - ∀αА(α), ℸА,(АВ),(АvВ),(А→В),∃α Аα - ФДТ мебошанд.
г) ғайр аз а,б,в, ҳеҷ чиз ФДТ намебошанд.
12 Масалан: ∀хР(х); ∃х2 R2(х 2 а2); Q(х,а)- ФДТ –анд.
Як тағирёбанда метавонад ба як формула якчанд маротиба дохил шавад. Масалан, ба формулаи () тағйирёбандаи х се маротиба дохил шудааст.
Дохилшавии нахустини тағирёбандаи мазкур (тағирёбандае, ки таҳти квантор аст, ноозод (алоқаманд) ҳисоб мешавад. Дохилшавии дуюмини он ҳам ноозод аст, зеро дар соҳаи таъсири квантор ҷойгир шудааст. Лекин дохилшавии сеюмини тағйирёбандаи х озод мебошад, зеро берун аз соҳаи таъсири квантор воқеъ гардидааст.
Формулаҳои дуруст тартиб додашудаи забони мантиқи предикатҳо ба ҷумлаҳои забони табиӣ мувофиқ меоянд, ки онҳо ё ҳукмҳоро ифода менамоянд ё ба гурўҳи калимаҳои забони табиӣ, ки предикатҳоро ифода мекунанд мувофиқанд.
Дохилшавии озод ва ноозоди тағйирёбандаҳои фардиро дар мисоли зерин дида мебарем. Масалан, ҷумлаи «Баъзе илмҳо гуманитарӣ мебошанд»-
1 ро тавассути забони предикатҳо чунин тасвир кардан мумкин аст: ∃хР(х) формулаи мазкур чунин хонда мешавад: «Ҳамин хел х мавҷуд аст, ки х -Р мебошад». Дар ин формула таъғйирёбандаи х иштирок дорад. Тағйирёбандаи мазкур аз соҳаи муайян қимат қабул менамояд. Дар мисоли мо соҳаи қимати тағйирёбандаи х маҷмўи илмҳо мебошад. Агар соҳаи муайянии тағирёбандаи х дигар карда шавад, онгоҳ, ҷумлаи болоиро ин тавр низ ифода кардан мумкин аст:
∃х(S(х)Р(х)).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё