Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Формулаи мазкур ин тавр хонда мешавад: «Ҳамин хел х мавҷуд, ки х – S ва P мебошад». Дар ин ҷо S - рамзи номи умумии «илм» аст. Маънои
11 формулаи ∃х(S(х)Р(х)) чунин аст: «Ҳамин хел чизе вуҷуд дорад, ки он илм
1 буда, дар айни ҳол гуманитарӣ мебошад» Аз формулаи ∃хР(х), ки ба ҷумлаи
1 болои мувофиқ аст, мумкин, ки формулаи P(х)-ро ҳосил намоем, ки он ба предикати «гуманитарӣ будан» мувофиқ мебошад. Формулаи ин тавр хонда мешавад: «Ҳамин хел х мавҷуд, ки барои ҳар як у, х дар
2 муносибати R бо у аст».
Мафҳуми термро чунин низ шарҳ додан мумкин аст: терм аломатест, ки фард ё гурўҳро ифода намуда бо ҳарфҳо ё тағйирёбандаҳо ишора мешавад.
Муаллифони китоб лозим донистанд, дар ҳамин ҷо забони мантиқи гуфтор ва ҳисоби предикатҳоро барои хонандагон пешкаш намоянд. Зеро онҳо воситаҳои муҳимтарини мантиқи муосир ба шумор мераванд. Тавассути онҳо масъалаҳое ҳаллу фасли худро меёбанд, ки ин масъалаҳоро дар чорчўбаи мантиқи анъанавӣ ҳал кардан имконнопазир аст.

§5. Тарзи тартиб додани ҷадвалии мантиқи гуфтор

Мантиқи гуфтор – фасли мантиқи муосир буда, дар он забони рамзҳо истифода бурда мешавад.
Рамзҳои забони мазкур инҳоанд:
а). p,q,r,p,q,… рамзҳои пропозитсионалӣ (тағйирёбандаҳои пропозитсионалӣ) б).ℸ, ,V ,→, - истилоҳоти мантиқӣ (доимиҳои мантиқӣ) в). (,) – қавсҳо ва вергул.
Таърифи формулаҳо:
а) Тағйирёбандаи пропозитсионалӣ формула мебошад:
б) Агар А- ва В формула бошанд, пас ℸА, (АВ), (АVВ), (А→В), (АВ) – формулаҳоянд.
в) Ҳеҷ чиз ба ғайри а) ва б) формула нест.
Мувофиқи таъриф, ифодаҳои (pq) ((pVℸq ) ((p→r)), ℸℸp,r формула буда, ифодаҳои (pvq) →, r ≡, (p→s) формула нестанд.
Барои нисбатан оддӣ намудани формулаҳо мо метавонем, баъзе қавсҳоро партоем. Ҳисоб мекунем, ки аломати ℸ назар бо аломатҳои , V, →, зичтар алоқаманд мекунад, аломати назар ба V, → зичтар ва аломати → назар ба зичтар алоқаманд мекунад. Ҳамин тариқ, дар формулаҳои ((p

пешина
аз 262
навбатӣ