Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Хатогии муҳокимаи зеринро ошкор намоед: Зарур аст, ки шаш аз ҳафт хурд бошад, Миқдори материкҳо ба шаш баробар аст. Пас, зарур аст, ки миқдори материкҳо аз ҳафт кам бошад.
  2. Нишон диҳед, ки истилоҳи мазкур кадом функсияҳоро ифода намудаанд (тарзи навиштани шакли умумиашонро нишон дода, соҳаи муайянӣ, соҳаи қимат, навъ ва чандҷоягии онро баён кунед):
    а) sin, б) калон, в) адади содда, г) - (конъюнксия), д) синну сол, у) тўҳфа мекунад, ё) ┐ (инкор), к) ҳайвони хунгарм, з) падар.
  3. Муайян кунед, ки дар ифодаҳои поёнӣ, истилоҳи «пойтахт» аломати кадом функсия мебошад:
    а) Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) Пойтахти Англия – шаҳри қадим аст.
  4. Ифодаҳои мазкур ва истилоҳи онҳо ба кадом категорияҳои семантиқӣ мансубанд:
    а) Пойтахти Украина ҷанубтар аз Москав воқеъ гардидааст; б) Агар адад бо 5 ё 0 тамом шавад ва суммаи рақамҳои вай ба 3 тақсим шавад, пас адади мазкур ба 5 тақсим мешавад, вале ба 6 тақсим намешавад; в) Квадрати ададе, ки сода ва ҷуфт аст, ба 4 баробар мебошад; г) Ҳар як модар сулҳро мехоҳад; д) Модари кайҳонаварди нахустин; е) Ҳар як моддаи бўлурин дар ҳарорати муайян гудохта мешавад.
  5. Гуфторҳои мазкур таввассути забони мантиқи хабарҳо (предикатҳо) ифода шавад:
    а) Агар ҳамаи моеъҳо чандир ва об моеъ бошад, пас об моддаи чандир аст; б) Баъзе метафизикҳо материалистанд, лекин баъзе материалистон метафизик намебошанд; в) Аҳолии Душанбе аз аҳолии Қўрғонтеппа зиёд мебошад.
    г) Ё ҳар кас ягон каси дигарро дўст медорад ва ҳеҷ кас ҳамаро дўст намедорад ё, ки касе ҳамаро дўст медорад ва ким – кӣ ҳеҷ касро дўст намедорад.
пешина
аз 262
навбатӣ