Мантиқ

- Шакли мантиқии гуфторро ошкор намуда, мазмуни мантиқии онҳоро нишон диҳед; гуфторҳоеро номбар кунед, ки дорои ҳамин шакл бошанд:
а. Баъзе материалистон диалектик мебошанд.
б. Душанбе нисбат ба Хуҷанд ҷанубтар воқеъ шудааст.
в. Агар адади мазкур бо 0 тамом шавад, пас вай ба адади 5 бебақия тақсим мешавад.
г. Ҳар як донишҷўй ҳозирҷавоб аст ё баъзе донишҷўён ҳозирҷавоб намебошанд. - Аз муҳокимаҳои мазкур кадомашон дурустанд ва онҳо дар асоси кадом қонунҳои мантиқӣ баён шудаанд:
0 а. Агар обро то 100с гарм кунанд, меҷўшад.
0 Об то 100с гарм карда шудаст.
Пас, об ҷўшидааст.
б. Ҳамаи сайёраҳо гирди Офтоб давр мезананд.
Замин гирди Офтоб давр мезанад.
Пас, Замин сайёра мебошад.
в. Ҳеҷ як ҷанги боадолат истилогарона намебошад.
Пас, ҳеҷ як ҷанги истилогарона боадолат намебошад. - Маъно (хос ва илова шуда) ва қимати ифодаҳои зеринро нишон диҳед:
а. Ҳамроҳаки табиии Замин; б. Моҳ; в. Ҳамроҳаки сунъии Замин:
г. Моҳ – ҳамроҳаки табиии Замин д. Моҳ – ҳамроаки сунъии Замин; е. Адади хурдтарини натуралӣ; ё. Адади калонтари натуралӣ; ж. Мутаҳаррики абадӣ; з. Мутаҳаррики абадӣ вуҷуд надорад и. «Мутаҳаррики абадӣ». - Нишон диҳед, ки дар ифодаҳои мазкур, ҳангоми ба ҷои Х гузоштани номҳои Душанбе, «Душанбе», ««Душанбе»», «пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кадоми онҳо гуфтори ҳақ мешавад.
а. Х – шаҳрест, ки дар қитъаи Осиё воқеъ шудааст; б. Х - номи шаҳр мебошад; в. Х – ифодаи забони тоҷикист; г. Х – ифодаест, ки калимаро мефаҳмонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё