Мантиқ

Барои муқаррар намудани робитаи байни мафҳумҳо зарур аст, ки шакли мантиқии онҳо ошкор шавад, зеро робитаи мафҳумҳо аз рўи шакли мантиқиашон муайян мешавад. Бо ин мақсад мо забони мантиқи предикатҳоро истифода мебарем, Масалан, соҳае, ки аз он барои таъмими мафҳум, гурўҳи ашё ҷудо мешавад, ба соҳае, ки аз он тағйирёбандаи х қимат қабул мекунад, мувофиқ бошад. Маҷмўи нишонаҳоеро, ки тавассути онҳо ашё ҷудо шуда дар мафҳум таъмим мешаванд, бо предикаторҳо ифода менамоем. Барои ин робитаи байни номҳо ва аломати хосиятҳою муносибатҳоро, ки дар §3-и боби III муқаррар шуда буд, истифода мебарем.
Таркиби мафҳумҳои А ва В – ро ошкор намуда, тавассути забони мантиқи предикатҳо ифода мекунем.
Фарз кардем соҳае, ки аз он гурўҳи ҷиноятҳо ҷудо мешавад, маҷмўи амалиёт бошад. Илова бар ин, соҳаи мазкур соҳае бошад, ки тағйирёбандаи х аз вай қимат қабул намояд. Номҳои умумии «амал», «ғайриамал», «қонунан муайян карда шудааст»-ро мувофиқан бо аломатҳои P1,Q1,S1 ишора мекунем.
Соҳае, ки аз он гурўҳи мураббаъҳо (квадратҳо) ҷудо мешаванд, бигузор маҷмўи фигураҳои геометрӣ бошад. Маҷмўи мазкур соҳаеро ташкил диҳад, ки аз он тағйирёбандаи у қимат қабул намояд. Бо аломатҳои P2,Q2,R2,S2, мувофиқан номҳои умумии зеринро ифода мекунем: «ҳамвор», «маҳдуд», «росткунҷа», «дорои тарафҳои баробар». Пас, сохти мафҳумҳои мазкур дар забони мантиқи предикатҳо чунин аст:
А: х((P1(x) V Q1(x)) S1 (x)):
В: у(((P2(у) Q2 (у) S2(у)) R2 (у)).
Шакли умумии ин мафҳумҳоро чунин тасвир намудан мумкин аст:
хА(х). Дар ин ҷо А(х) предикат буда, маҷмўи нишонаҳоеро ифода мекунад, ки онҳо асоси таъмим ва ҷудокунии ашё мебошанд.
Ашёе, ки дар мафҳум ҷудо ва таъмим мешаванд, метавонанд силсилаи объектҳо (яъне маҷмўи мураттаби объектҳо) бошад. Бинобар ин, шакли мантиқии мафҳумҳоро, дар намуди умумиаш боз ҳам аниқтар, ин тавр ифода кардан мумкин аст:
x1x2x3…,xn A(x1x2x3…,xn).
Дар ин ҷо n 1мебошад.
Барои мафҳуми доир ба маҷмўи объектҳо мафҳуми «кўдаконе, ки аз як модар дар як вақт таваллуд шудаанд» мисол шуда метавонад. Агар ифодаҳои «дар як вақт таваллудшудагон» ва «аз як модар таваллудшудагон»-ро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё