Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

мувофиқан бо аломатҳои P ва Q ишора кунем, пас шакли мантиқии мафҳум намуди зеринро мегирад:

x1x2x3…,xn (P(x1x2x3…,xn)Q (x1x2x3…,xn))

Дар ин ҷо набудани вергулҳо байни тағйирёбандаҳои фардӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сухан доир ба маҷмўи объектҳо меравад.
Агар соҳае, ки аз он тағйирёбандаи у қимат мегирад, маҷмўи гурўҳи одамони экизак бошад, он гоҳ шакли мантиқии ин гуна мафҳум тавассути забони мантиқи предикатҳо намуди зеринро мегирад:

у (P(y) Q(y))

Чӣ хеле мебинем, дар байни мафҳумҳое, ки дар бораи маҷмўи объектҳо мебошанд, ва мафҳумҳое, ки дар онҳо объектҳои алоҳида инъикос меёбанд, аз рўи тарзи ифода ва шаклашон дар забони мантиқи предикатҳо ягон фарқият дида намешавад.
Акнун, мисоли мафҳумҳоро доир ба маҷмўи объектҳои мураттаб дида мебароем: «ҷуфти ададҳо, ки адади нахустин аз дуюмаш калонтар аст».
2 Ифодаи «калонтар аз»-ро ба аломати R ишора карда ҳосил мекунем:
2 x1,x2 R(x1,x2)

(Хотиррасон мешавем, ки индекси болоии предикат миқдори ҷойҳоро ифода мекунад).
Тавре, ки таъкид шуда буд, мафҳумҳо дар забон бо ёрии номҳои умумии тасвирӣ ифода мешаванд. Номҳои тасвирнопазир на ҳама вақт мафҳумро ифода мекунанд. Онҳо танҳо дар мавриде ифода карда метавонанд, ки агар ба сифати ишораи мухтасари номҳои умумии тасвирӣ кор фармуда шаванд. Бинобар ин, номҳои умумии тасвирӣ кор фармуда мешаванд. Аз ин рў, номҳои ғайритасвириро эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст. Ҳаминро бояд ба назар гирифт, ки оё номҳои тасвирнопазир мафҳуми ашёеро, ки қимати номҳо шуда метавонанд, ифода мекунанд ё не?
Омўзгор бояд барои ҷавоб додан ба ин савол омода бошад, зеро дар раванди таълим аксаран таъвизи мафҳум бо ном мушоҳида мешавад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки аз ёд кардани фақат номи ашё бидуни мафҳуми ашё кори беҳуда аст, зеро донишҷўён ба моҳияти чиз сарфаҳм намераванд ва ин боиси ташаккули тафаккури догматикӣ мегардад.

пешина
аз 262
навбатӣ