Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Нишонаи ашё ва навъи онҳо. Дар мантиқ нишона гуфта, чизеро меноманд, ки аз рўи он ашё тавсиф меёбад. Он чизе, ки ашёро бо якдигар монанд ва аз якдигар фарқ мекунад, нишона ном дорад.
Нишона гуфта, вуҷуд доштан ё надоштани хосият ва муносибатҳои ашёро меноманд. Яъне дорои ин ё он хосият будани ашё ё худ дар ин ё он муносибат будани ашё маънои онро дорад, ки чиз дорои нишона аст.
Нишонаҳо аз рўи навъи шакли мантиқиашон сода ва мураккаб, мусбат ва манфӣ мешаванд.
Нишонаи сода (дар забони мантиқи предикатҳо) тавассути чунин предикат ифода мешавад, ки дар таркиби он ба ғайр аз кванторҳо ва як аломати инкор дигар ҳеҷ гуна ибораи мантиқӣ дида намешавад. Нишонае, ки нисбат ба он шартҳои мазкур риоя намешавад, нишонаи мураккаб ном дорад.
Мисоли нишонаи сода:
2 Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон будан – R(x,a);
2 Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон набудан -┐R(x,a);
2 Пойтахти кадом давлате будан - yR(x,y).
Нишонаи «ба 2 ва 3 бебақия тақсим шудан» нишонаи мураккаб буда, тавассути забони мантиқи предикатҳо ин тавр ифода меёбад;

22
R(x,2)R(x,3).

Мо дар ин ҷо танҳо нишонаи содаи мусбат ва манфиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Пас, маълум мешавад, ки нишонаҳои сода дар навбати худ мусбат ва манфӣ мешаванд. Нишонаҳое, ки ба онҳо аломати инкор дохил намешавад, нишонаи содаи мусбат буда, нишонаҳои аломати инкор доштаро нишонаи содаи манфӣ меномем. Нишонаи «пойтахти Англия
2 намебошад» (┐R(x,a)) манфист. Дар ин ҷо а – Англия аст. Нишонаи
2 «пойтахти Англия аст» (R(x,a)) нишонаи мусбат мебошад. Нишонаҳои манфӣ дар забон на фақат тавассути бандаки «ҳаст» (нест), мебошад (намебошад)» балки бо ёрии пешоянд (префикс) низ ифода меёбанд.
Масалан, «бе» (пешоянде, ки чизеро мефаҳмонад аз калимаи алоҳида ё ба шакли префикс омода набудани чизеро мефаҳмонад): беистеъдод, беҳунар, беқобилият,бешакл, беномус, бешарм, бетолеъ ва ғайра.
Аз рўи мазмун нишонаҳо ба нишонаҳои муҳим ва номуҳим тақсим мешаванд. Нишонаҳои муҳим гуфта нишонаҳоеро меноманд, ки ҷамъи онҳо боиси зоҳир шудани дигар нишонаҳо мешавад. Маҷмўи чунин нишонаҳоро моҳияти ашё ташкил медиҳад. Нишонаҳои номуҳим боиси зоҳир шудани нишонаҳои дигар шуда наметавонанд. Аз ин рў, ашё ё зуҳурот бе нишонаҳои муҳим вуҷуд дошта наметавонад.

пешина
аз 262
навбатӣ