Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Синонимҳо калимаҳоеанд, ки аз рўи қиматашон айниятдор ё худ ниҳоят наздиканд. Масалан, барои ифода кардани иштирокчиёни ҷиноят дар кодекси ҷиноӣ синонимҳои «шарик» ва «ёрдамчӣ» истифода мешаванд.
Барои ифода кардани «дуздӣ» низ синонимҳои «ғорат» ва «тасарруф»
истифода мешаванд.
Ниҳоят, сеюм фарқи байни калима ва мафҳум боз дар он зоҳир мегардад, ки дар гуфтугўи ҳаррўзаамон ба қимати асосии семантиқии мафҳумҳо, аксар вақт тобиши иловагӣ ҳамроҳ мешавад, ки онҳо ҳассосият ё худ муносибати бақадр кардани шахси гўяндаро нисбат ба ашёи фикр ифода менамоянд. Масалан дар ҷуфти мафҳумҳои «ҷаласа» ва «ҷамъомад», «раҳбар» ва «сарвар» калимаҳо аз рўи қимати семантиқиашон бо ҳам мувоофиқанд. Лекин, дар калимаҳои дуюмини ҳар як ҷуфт тобишҳои манфӣ ҷой доранд, ки дар калимаи якум нест. Дар чунин ҳолат низ фарқи байни калима ва мафҳум мушоҳида мешавад.
Ҳамин тариқ, гарчанде, ки мафҳум бо калима узван пайваст бошад ҳам, лекин на ҳамеша бо ҳам мувофиқ меоянд. Бинобар ин, калима шакли ифодакунии мафҳум аст, мафҳум бошад мазмуни маъногии калима мебошад.
Пас аз муайян кардани муносибати мафҳум бо калима зарур аст, ки усулҳои мантиқии ташакули мафҳумҳоро баён намоем.
Усулҳои асосии ташакули мафҳумҳо.
Муҳимтарин усулҳои мантиқии ташакули мафҳумҳо инҳоанд: таҳлил (анализ), синтез, муқоиса, таҷрид (абстрактсиякунӣ), умумиятдиҳӣ (таъмим).
Мафҳум дар асоси таъмими нишонаҳои муҳим (яъне хусусият ва муносибат), ки ба гурўҳи ашёи якҷинса тааллуқ доранд, ташаккул меёбад.
Барои ҷудо кардани нишонаҳои муҳим зарурияти тасрид (сарфи назар кардан) аз нишонаҳои номуҳим, ки шумораи онҳо дар ашё ниҳоят бисёр аст ба миён меояд. Барои ин, ашёро бояд муқоиса намуд. Барои ҷудо намудани нишонаҳо лозим меояд, ки таҳлил намоем, яъне ашёи томро фикран ба ҷузъҳо ҷудо карда унсурҳову тарафҳо ва нишонаҳои алоҳидаашонро ошкор кардан лозим аст. Пас аз ин тавассути амали баръакс яъне синтез ҷузъҳо ва нишонаҳои алоҳидаи ашёро (агар ба шарте, ки ин нишонаҳо нишонаҳои муҳим бошанд) фикран якҷоя менамоем.
Таҳлил – фикран ба ҷузъҳои таркиби тақсим кардани ашё ва бо ҳамин васила фикран ҷудо кардани нишонаҳои ашё мебошанд.
Синтез – фикран якҷоя кардани ашё ё худ он нишонаҳое, ки ҳангоми таҳлил ҷудо карда шуда буданд. Дар натиҷа, ҷузъҳо як чизи томро ташкил медиҳанд.
Муқоиса – фикран муқаррар кардани монандӣ ва фарқияти ашё дар асоси нишонаҳои муҳим ва номуҳим.

пешина
аз 262
навбатӣ