Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Таҷрид – (абстрактсиякунӣ)- фикран ҷудо кардани баъзе нишонаҳои ашё ва ба инобат нагирифтани баъзе нишонаҳои дигари ашё мебошад. Дар чунин ҳолат одатан танҳо нишонаҳои муҳим ҷудо шуда аз нишонаҳои номуҳим ва дуюминдараҷа сарфи назар мешавад.
Таъмим (умумиятдиҳӣ) – фикран якҷоя кардани ашёи алоҳида дар ягон мафҳум. Ҳангоми таъмим маҷмўи ашё аз рўи нишонаҳои монанд дар як фикр, зери як шакли аломат (калима) муттаҳид карда мешавад.
Усулҳои мантиқии зикр шуда ҳам ҳангоми ташаккули мафҳумҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва ҳам дар ҷараёни гирифтани донишҳо тавассути таҳсил истифода мешаванд.

§3. Мазмун ва ҳаҷми мафҳум

Ҳар як мафҳум аз рўи сохти мантиқиаш дорои ду ҷиҳат – мазмун ва ҳаҷм аст.
Мазмуни мафҳум – маҷмўи нишонаҳоест, ки тавассути онҳо ашё ҷудо шуда, дар мафҳум таъмим мешаванд. Масалан, мазмуни мафҳуми «ададе, ки ба 2 ё ба 3 тақсим мешавад»- ро нишонаи «ба 2 ё ба 3 тақсим шудан»
ташкил медиҳад; мазмуни мафҳуми «ҷиноят»-ро маҷмўи нишонаҳои зерин ташкил медиҳад: кирдори барои ҷомеа хатарнок будан, зидди қонунӣ будан, гунаҳкор будан, сазовори ҷазо будан. Мазмуни мафҳум тавассути предикат ифода мешавад.
Барои ин мафҳуми «ададе, ки ба 2 ё ба 3 тақсим мешавад»-ро дар забони мантиқи хабар (предикатҳо) навишта ҳосил мекунем:

22
х(R (x,2)V R(x,3))

Мазмуни мафҳуми мазкурро ин тавр ифода кардан мумкин аст:

22
R(x,2)V R(x,3)

Агар мафҳуми «ҷиноят»- ро тавассути забони мантиқи хабарҳо (предикатҳо) ифода намоем: x(K(x)3(x)Г(x)C(x)), пас мазмуни онро ифодаҳои дар қавс буда, яъне (K(x)3 (х)Г(x)C(x)),ташкил мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар намуди умумӣ, агар x1,x2,…xnA(x1,x2…xn) маф -ҳум бошад, пас А(x1,x2, x3,…xn) мазмуни мафҳум аст.
Мо бояд мазмуни мантиқии мафҳумҳоро аз мазмуни воқеии онҳо фарқ кунем.

пешина
аз 262
навбатӣ