Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Масалан, мафҳумҳои «одами бодавлат», «шахсе, ки ба забони англисӣ гуфтугў мекунад», «шахси муътақид» ва ғайраҳо мафҳумҳои мусбат буда, мафҳумҳои «одами камбағал», «шахси беэътиқод», «шахси беадаб», «бесавод», «бепарастор», «шахсе, ки забони англисиро намедонад» - манфӣ мебошанд.
Савол пайдо шуданаш мумкин аст, ки тақсимоти мазкур нисбат ба мафҳумҳои мураккаб чӣ хел сурат мегирифта бошад?
Ҷавоб: Усули ягонае, ки тавассути он гўё тамоми мафҳумҳои мураккаб фаро гирифта мешуда бошад, вуҷуд надорад. Бинобар ин, мо дар ин ҷо чунин усулро баён карда наметавонем. Ба ин нигоҳ накарда, мо баъзе усулҳои муайян намудани мафҳумҳои мусбат ё манфиро нисбат ба мафҳумҳои мураккаб барои хонандагон пешкаш менамоем. Агар мазмуни мафҳуми мураккабро дар намуди формулаи A1(x) A2(x) …An(x), ки дар ин ҷо Ai (x)=B1(x)VB2(x)… VBk(x),(n≥1,k≥1) аст, ифода кардан мумкин бошад ва чунин аъзои конъюнксия Ai(x) мавҷуд бошад, ки аъзои дилхоҳи дизъюнксия Bj(x) нишонаи манфиро ифода кунад, он гоҳ мафҳуми мураккаб манфӣ мебошад. Дар ҳолати баръакс, мафҳум мусбат аст. Мисоли мафҳуми мураккаби мусбат: «шахсе, ки забонҳои англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабиро медонад». Мисоли мафҳуми мураккаби манфӣ: «шахсе, ки забонҳои англисиву немисиро медонад, лекин забонҳои франсавӣ ё арабиро намедонад».
Акнун, мафҳумҳои нисбатдор ва бенисбатро шарҳ медиҳем. Мафҳумҳои нисбатдор чизеро инъикос мекунанд, ки якеи он бе дигараш вуҷуд дошта наметавонад. Ин мафҳумҳо танҳо нисбат ба дигар мафҳумҳо дорои маъно мебошанд. Масалан, «падар», «модар», «сардори идора». Дар ин ҷо мафҳумҳои «падар» ё «модар» бе мафҳуми «фарзанд» маъно надоранд.
Агар аз ду мафҳум, дар яке аз онҳо ашё аз рўи муносибаташон ба ашёи дигар ва дигараш – аз рўи муносибати онҳо ба ашёи мафҳуми якум, ҷудо бошанд, пас, ин мафҳумҳоро мафҳумҳои мутаносиб меноманд. Масалан, «сабаб», «натиҷа» Сохти мафҳумҳои соддаи нисбатдор чунин аст: xR(x,y); xℸR(x,a); xR(x,y); xR(x,y); xyR(x,y); xy ℸR(x,y).
Дар мафҳумҳои бенисбат ашё дар асоси ба онҳо мансуб будан ё набудани хосиятҳо ҷудо мешаванд.
Агар дар байни маҷмўи (конъюнксия) нишонаҳои навъии ашё нишонаҳое бошанд, ки онҳо мавҷуд будан ё набудани муносибатҳоро дар байни ашё ифода кунанд, пас, ингуна мафҳумро мафҳуми мураккаби нисбатдор меноманд. Масалан, мафҳуми «одаме, ки дорои маълумоти олӣ буда, ягон забони хориҷиро намедонад» мисоли мафҳуми мураккаби нисбатдор аст.

пешина
аз 262
навбатӣ