Мантиқ

(Агар ҳамаи ибораи К(а) чун дефиниендум ҳисоб шавад, он гоҳ таърифи мазкур таърифи ошкор мешавад). Таърифи намуди К (а) ≡ Т таърифи матнӣ буда, номи махсус дорад: «for use» ё, ки «in use» («барои истифодабарӣ», «дар истифодабарӣ»). Намуди дигари таърифи матнӣ – муайян намудани истилоҳоти матни шаклаш К(а) ≡Т набуда мебошад.
Масалан: Тавассути ҷадвал муайян кардани қиматҳои импликатсия.
Ин қабил таърифро таърифи хоси матнӣ меноманд. Боз як намуди таърифи матнӣ таъриф дар матн ном доранд. Дар чунин мавридҳо, худи матне, ки дар он истилоҳ истифода шудааст, таъриф ҳисобида мешавад. Чӣ дар матн ва чӣ берун аз он доир ба таърифи истилоҳ чизе гуфта нашудааст. Лекин, агар мо ба матн бо диққат назар карда онро таҳлил намоем, аз он таърифи истилоҳи мазкурро гирифтан мумкин аст. Масалан, дар натиҷаи тадқиқи матнҳое, ки аз муаллифони қадим боқӣ мондааст, дар бораи ақидаҳои фалсафии Демокрит, инчунин доир ба мафҳуми «сабаб» дар таълимоти ў маълумоти муайян гирифтан мумкин аст.
- Қоидаҳои таъриф ва хатогиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани онҳо рўй медиҳанд.
Ин ҷо, қоидаҳоеро аз назар мегузаронем, ки ба таърифҳои реалӣ тааллуқ дошта, бештар дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ истифода мешаванд.
Қоидаҳои дуюм ва сеюм, инчунин, ба таърифҳои номиналӣ низ татбиқ мешаванд.
Қоидаи якум. Таъриф бояд мутаносиб бошад, яъне ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда бояд бо ҳаҷми мафҳуми таърифкунанда баробар бошад.
Агар ҳаҷми дефиниендум ва дефиниенсро мувофиқан бо аломатҳои «дfd» ва «дfn» ишора кунем пас ин қоидаро чунин ифода кардан мумкин мебошад. Бояд, ки «дfd» = «дfn бошад».
Ҳангоми риоя нашудани қоидаи мутаносибии мафхумхо холатхои зерин чой дошта метавонанд:
a) wдfn > wдfd б) wдfd < wдfn в) wдfd = wдfn
д n n д
n д
n
г) wдfd wдfn
д n Расми 8.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё