Мантиқ

Таснифи шаклҳои мантиқӣ гуногун мебошад. Навъҳои асоситарини шаклҳои мантиқии фикр: мафҳум, қазия ва хулосабарорӣ (итинтоҷ) мебошанд.
Мафҳум – фикр дар бораи ашёест, ки тавассути маҷмўи нишонаҳои муҳим ҷудо шуда, таъмим гардидаанд. Масалан: «давлат», «ҷиноят», «ба ҷавобгарӣ кашидан», «шуури ҳуқуқӣ», «нависанда», «шоири мунаққид», «ҳиссаи нутқ», «форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ», «низоми сиёсии ҷомеа»
ва ғайра мафҳумҳоянд.
Фикре, ки дар он ба ашё хос будан ё набудани ягон нишона тасдиқ ё рад мегардад, қазия номида мешавад. Дар қазия муносибат ва робитаи ашё тавассути тасдиқ ё инкор инъикос мешавад.
Масалан: 1. Одами машрубот истеъмолкунанда бисёр мелақад, лекин сухани ў номуназам аст. 2. Ба назари одами тамокукаш чунин менамояд, ки гўё сари ў ба фикрҳои муҳимгарои аҳамияти давлатӣ банд аст, лекин дар асл, фақат дуди тамоку сари ўро иҳота кардааст.
Натиҷагирӣ (истинтоҷ) – ҷараёни ҳосил намудан ва шакли инкишофи дониш аст, ки ҳангоми он аз қазияи маълум дониши нав гирифта мешавад.
Дониши нав (натиҷа) низ тавассути қазия ифода меёбад.
Масалан: а) Ҳамаи фулузот қобилияти барқгузаронӣ доранд.
Мис фулуз мебошад.
Пас мис қобилияти барқгузарон, дорад.
б) Ҳар як ҳайвон ҷисм мебошад.
Ҳар як ҷисм ҷавҳар аст.
Пас ҳар як ҳайвон ҷавҳар мебошад.
Муҳокимаҳои 1, 2, 3 – низ мисоли истинтоҷ (натиҷагирӣ,) мебошанд.
Байни фикрҳо робитае мавҷудаст, ки аз шаклҳои мантиқ, вобастаанд.
Чунин робитаро ҳам дар байни мафҳумҳо, ҳам дар байни qазия ва ҳам дар байни натиҷа ошкор намудан мумкин аст. Масалан, байни фикрҳои шакли мантиқиашон «Баъзе S -ҳо Р мебошанд» ва «Баъзе Р-ҳо S мебошанд», робитаи зеринро нишон додан мумкин аст: агар яке аз ин фикрҳо ҳақ бошад, пас, новобаста аз мазмуни мушаххаси онҳо, дигараш ҳам ҳақ мешавад.
Робитаи байни фикрҳо, ки тавассути он ҳақ будани як фикр боиси ҳақ будани фикри дигар мегардад, қонуни мантиқи шаклӣ ё худ қонуни мантиқ номида мешавад.
Қонунҳои мантиқ инъикоси воқеият мебошанд. Чунин инъикос дар ҷараёни фаъолияти амалии одамон ба вуҷуд меояд.
Дар муҳокимаи якум, робитаи байни фикрҳо қонуни мантиқро ифода мекунад. Барои собит намудани он ки оё робитаи байни гуфтор қонуни мантиқро ифода менамояд ё не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё