Мантиқ

зарур аст, ки ба ҷои истилоҳҳои ғайримантиқии гуфтор истилоҳҳои дилхоҳ (лекин аз қабили истилоҳҳои ғайримантиқӣ) гузошта шаванд. Пас, ҳангоми ивази истилоҳ - ҳо санҷидан лозим аст, ки оё ҳақ будани гуфторҳои муқаддимавӣ боиси ҳақ будани натиҷа мешавад ё не. Агар ҳақ будани муқаддимаҳо ҳамеша боиси ҳақ будани натиҷа бошад, пас, робитаи байни гуфторҳо, қонуни мантиқро ифода мекунад. Дар мантиқи муосир як зумра усулҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо қонуниятҳо ва робитаҳои байни фикрҳоро бе ягон мушкилӣ муайян кардан мумкин аст. Бо усулҳои мазкур шумо метавонед дар боби «Истинтоҷ»
(натиҷагирӣ) шинос шавед. Баъди муайян кардани мафҳуми шакл ва қонунҳои мантиқӣ, метавонем таърифи илми мантиқи шаклиро баён намоем.
Мантиқи шаклӣ – илмест, ки дар бораи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур баҳс намуда, робитаи фикрҳоро аз ҷиҳати шаклашон меомўзад.
Тафаккуре, ки ба қонунҳои мантиқи шаклӣ мувофиқат мекунад, тафаккури дуруст номида мешавад. Мантиқи шаклӣ баробари омўхтани тафаккури дуруст, боз як силсила хатоҳоеро низ таҳқиқу танзим менамояд, ки дар фаъолияти амалию назарии одамон мушоҳида мешаванд. Аз ин рў, донистани қонунҳои мантиқи шаклӣ ва риоя намудани талаботи онҳо дар ҷараёни муҳокимаҳо барои возеҳият, ва асоснокии фикр аҳамияти калон дорад. Донистани қонуну қоидаҳои мантиқ имконият медиҳад, ки муҳокимаи нисбатан мураккаб бехато, ба таври дуруст ба миён ояд ё агар хато рафта бошад, онро сари вақт ошкор намоем. Касе ки дуруст, бехато ва равшан фикр мекунад, вай фикрҳояшро ҳам дуруст ва равшан ифода мекунад. Ин ақида, бешубҳа, маълум аст, зеро фикр бо забон робитаи узвӣ дорад.
Аксар вақт мегўянд, ки кас қонуну қоида ва усулҳои мантиқро дарк накарда, ҳатто аз мавҷудияти онҳо бехабар, ҳангоми фикрронӣ ба таври стихиявӣ онҳоро риоя карда метавонад. Бешубҳа, ин фикр рост аст. Тафаккурамон табиатан мантиқӣ мебошад, вай тобеи қонунҳоест, ки ба туфайли онҳо мо, одатан, фикрамонро ҳангоми муҳокима алоқаманд месозем. Аз ин рў, ҳатто ба таври стихиявӣ дуруст будани тафаккур ба мо ёрӣ мерасонад, ки доир ба ашёву зуҳуроти атроф дуруст муҳокима ронда, аз муҳокимаҳои нодуруст эмин бошем. Аммо ба таври стихиявӣ истифода бурдани қонуну қоидаҳои мантиқ нисбатан маҳдуд аст. Ҳангоме, ки инсон дар назди худ масъалаҳои дорои аҳамияти калони амалию назариро мегузорад, ин усул самараи худро гум мекунад. Пас, барои пайдо намудани сифатҳои муҳими муҳокимаҳо, ки боиси возеҳӣ, мунтазамӣ ва асоснокии онҳо мегардад, донистани қонуну қоидаҳои мантиқи шаклӣ зарур аст.
Таъкид кардан зарур аст, ки мантиқи шаклӣ шаклҳои тафаккурро, қатъи назар аз тағйироту инкишофи онҳо меомўзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё