Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Қоидаи чаҳорум. Тақсим бояд бефосила бошад. Дар мавриди тақсими таксономӣ бояд аз мафҳуми ҷинсӣ ба фасл гузашт. Ин кор бояд чунин сурат гирад, ки узвҳои мафҳуми тақсимшаванда дорои тартиби якхела бошанд.
Ҳар як узви тақсим (фасл) дар навбати худ метавонад боз тақсим шавад ва ҳоказо. Дар мавриди тақсими мереологӣ бошад – аз том ба ҷузъҳои он ва аз ҷузъ ба ҷузъҳои ҷузъ ва ҳоказо гузаштан лозим аст. Агар қоидаи муттасилият вайрон шавад, хатоие рўй медиҳад, ки онро «ҷаҳиш дар тақсим меноманд».
Мисолҳо барои тақсими нодуруст: файласуфон ба материалистон, идеалистони субъективӣ ва объективӣ тақсим мешаванд; мавҷудоти зинда ба растаниҳо, ҳайвоноти сутунмўҳрадор ва бесутунмўҳра тақсим мешаванд; скелети одам ба скелети сутунмўҳра, скелети сандуқи дил, скелети сар ва дасту по тақсим мешавад.
Мисолҳо барои тақсими дуруст: файласуфон ба материалистон ва идеалистон тақсим мешаванд; мавҷудоти зинда ба растаниҳо ва ҳайвонот, растаниҳо ба растаниҳои яксола ва бисёрсола, ҳайвонот ба сутунмўҳрадор ва бесутунмўҳра, скелети одам ба скелети дасту по, скелети бадан (тан) ва скелети сар тақсим мешавад.
Дуруст аз худ намудани навъҳо ва қоидаҳои тақсим дар фаъолияти ҳуқуқшинос, махсусан дар амалияи тафтишот аҳамияти калон дорад.
Масалан ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо, тартиб додани схемаҳо дар ҷараёни ба нақшагирӣ, таснифи версияҳо ва дигар амалиёти тафтишот амали тақсим кўмак мерасонад. Аз ин рў, муфаттиш, прокурор ё адвокат нақшаи корро тартиб дода, бояд ба қоидаи тақсим такя кунад, зеро донистани онҳо ҷараёни фаъолияти амалии онҳоро осон гардонида, аз хатоҳо нигоҳ медорад.
§9. Тасниф

Тасниф – силсилаи тақсими пайдарҳам ё ки замимадорест, ки дар як вақт ҳам тақсими таксономӣ ва ҳам тақсими мереологиро фаро мегирад.
Тақсими замимадор на пайдарҳам, балки дар як вақт гузаронида мешавад.
Масалан, В. И. Ленин усули махсуси маърифатро таъин карда буд, ки вай бо номи усули якҷояи анализ ва синтез машҳур аст. Усули мазкур аз он иборат аст, ки дар он анализ ва синтез дар як вақт кор фармуда мешаванд. Ҳангоми татбиқи усули мазкур чизҳо ба қисмҳо ва ҷиҳатҳо ҷудо шуда, дар айни ҳол онҳоро боз якҷоя менамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки на ҳар гуна силсилаи тақсими пайдарҳам ё тақсими замимадор тасниф аст. Зеро зумраи тақсими пайдарҳам ё замимадорро номбар кардан мумкин аст, ки тасниф нестанд. Аз ин рў, лозим меояд, ки хусусиятҳои муҳимтарини таснифро номбар кунем.

пешина
аз 262
навбатӣ