Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ба ин муносибат тақсими зуҳуроти иқтисодиро таъкид менамоем.
В.И. Ленин дар ин бора навиштааст; «… Маркс тамоми маҳсулоти ҷамъиятиро аз рўи шакли натуралии маҳсулот ба ду қисм тақсим мекунад: 1) воситаҳои истеҳсолот; 2) молҳои истеъмолӣ. Баъд ҳар кадом аз ин қисмҳои маҳсулот аз рўи элементҳои арзиш ба се қисм тақсим мешавад. 1) капитали доимӣ; 2) капитали тағйирёбанда; 3) арзиши изофа».
П. Струве, вақте, ки ба ҷои қисми маҳсулоти ҷамъиятӣ, ки Маркс пешниҳод кардааст, қисми худаш (ба воситаҳои истеҳсолот, васоили истеъмолӣ ва арзиши изофаро) таклиф намуд, В. И. Ленин, филҳол гапи бекор будани онро нишон дод. Зеро вай ба талаботи тақсим, ки дар мантиқи шаклӣ баён шудааст, ҷавоб дода наметавонад. «Магар равшан нест, ки навишта буд В.И Ленин – доир ба гуфтаҳои П. Струве, - ин гуна тақсимот мантиқан беасос аст (зеро вай аз рўи шакли натуралии маҳсулот тақсим карданро бо тақсим кардан аз рўи элементҳои арзиш аралаш мекунад) ва ҷараёни
1 мубодилаи ҷамъиятии чизҳоро хира мегардонад».
Он, чизе, ки мо доир ба тақсим аз рўи як асос баён кардем, ба тақсими таксономӣ дахл дошт.
Акнун қоидаи мазкурро нисбат ба тақсими мереологӣ баён мекунем, ки вай чунин аст: ба қисмҳо тақсим намудани чиз бояд аз назари як мақсад сурат гирад. Масалан, бо мақсади беҳтар намудани тайёрии мутахассисони соҳаи гуманитарии донишгоҳ вайро ба доираи фанҳои (сикли) гуманитарӣ, ғайригуманитарӣ ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ тақсим кардан мумкин аст, агар ба шарте, ки сикли гуманитарии тамоми факултетҳои гуманитарӣ ва қисми ректоратро, ки факултетҳои мазкурро назорат мекунад, фаро гирад. Агар, як қисм мувофиқи як мақсад ва қисми дигар мувофиқи мақсади дигар ҷудо шаванд, он гоҳ тақсими печ дар печ мешавад.
Қоидаи сеюм. Узвҳои тақсим бояд ҳамдигарро истисно кунанд. Вайрон шудани қоидаи асоси ягона, боиси вайрон шудани қоидаи дигар мегардад, ки мувофиқи он қисмҳои тақсим бояд якдигарро истисно кунанд.
Дар ҳақиқат, агар тақсим аз рўи як асос ба анҷом расонида шавад, он гоҳ узвҳои он ҳам ҳамдигарро истисно мекунанд. Ин қоида талаб менамояд, ки ҳар як унсури ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда бояд танҳо ба як узви тақсим тааллуқ дошта бошад. Бинобар ин, узвҳои тақсим набояд унсурҳои умумӣ дошта бошанд (тақсими таксономӣ) ва на бояд ҷузъҳои (қисмҳои) – умумӣ дошта бошанд (тақсими мереологӣ). Масалан; секунҷаҳо ба секунҷаҳои баробарпаҳлў, баробартараф ва гуногунпаҳлў тақсим мешаванд. Дар ин мисол узвҳои тақсим якдигарро истисно намекунанд.

Ленин В.И. Асарҳо, Ҷ. 4, с. 76.

пешина
аз 262
навбатӣ