Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

а в а) ҷанги боадолат с в) ҷанги беадолат с) ҷанги Бузурги Ватанӣ нақшаи 2 Нақшаи 2.

а) апарати парвозӣ а с в) вертолёт в с) винт нақшаи 3 Нақшаи 3.

а) донишҷўи ғоибхон, а с в в) милитсионер, С с) харрот, нақшаи 4 Нақшаи 4.
а) ҳаракат, в) ҳаракати тез, а в с) даврзанӣ, с нақшаи 5

Нақшаи 5.
а) уқёнус, в) баҳр, а С В с) хушкӣ нақшаи 6 Нақшаи 6.

а) варзишгар, а в) футболбоз в с с) профессор, нақшаи 7 Нақшаи 7.

а) вакили анҷумани нахустини де- a d путатҳои Думаи Давлатии Россия, в с в) аъзои Думаи давлатии Россия, ки ба анҷумани нахустини депутатҳо интихоб шудааст, с) устоди варзиш, d) коргар. нақшаи 8 Нақшаи 8.

  1. Муносибати байни мафҳумҳои зеринро тавассути доираҳои Эйлер муайян намоед: Ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиноси тоҷик, доктори илм. Мафҳум, мафҳуми куллӣ, мафҳуми мушаххас. Соат, дақиқа, сония. Зарраи элементарӣ, электрон, протон. Мактаби оли, литсей, донишкада. Инсон, мард, зан, кўдак. Росткунҷа, ромб, мураббаъ. Шаҳр, хиёбон, кўча.
    Адад, сурат, махраҷ, каср.

Машқу мисолҳо доир ба таъриф ва тақсим.

  1. Муайян намоед, ки таърифҳои зерин ба кадом навъи таъриф дохил мешаванд. Дар онҳо мафҳумҳои таърифшаванда, таърифкунанда, ҷинси наздик ва нишонаҳои фаслсозро нишон диҳед.
    а) Ҷазо – чораи маҷбурии давлатиест, ки мувофиқи ҳукми суд нисбат ба шахсони ҷинояткор муайян мешавад.
    б) Тўҳмат – ҷиноятест, ки дар он барои бадном намудани ягон шахс суханҳои қасдан бардурўғ паҳн карда мешавад.
    в) Давлати сотсиалистӣ – ташкилоти сиёсии ҳокимияти халқ бо роҳбарии синфи коргар мебошад, ки дар натиҷаи ғалабаи инқилоби сотсиалистӣ ба вуҷуд меояд.
    г) Роҳзанӣ –амалест, ки ба мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахси бо зўрӣ ё таҳдид содир мешавад.
    д) Феъл – ҳиссаи нутқест, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад.
    е) Анемометр – асбобест барои чен кардани қувваи шамол.
    ж) Исм – ҳиссаи нутқест, ки ашёро ифода намуда ба саволҳои кӣ ё чӣ ҷавоб мегўяд.
    з) Мафҳум шакли тафаккурест, ки ҷиҳат ва ҳолати муҳиму асосии ашёву зуҳуротро инъикос менамояд.
    и) Абўалӣ ибни Сино – олими забардасти халқи тоҷик, ки китоб – «Шифо» – ро навиштааст.
    к) Мураббаъ – росткунҷаест, ки тарафҳояш баробаранд.
    л) Космогония – соҳаи илмест, ки таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷирмҳои осмониро меомўзад.
пешина
аз 262
навбатӣ