Мантиқ

- Мафҳуми зеринро аз рўи ҷинси наздик ва нишонаҳои фаслсоз таъриф намоед: Демократия, пролетариат, ҷазира, донишгоҳ, ҷиноят, донишҷў, феъл, кўл, капитализм, ҳукм, ях, об, моҳ, мубтадо, ҷумҳурӣ, таърих, инқилоби буржуазӣ.
- Оё таърифҳои зерин дурустанд? Агар нодуруст бошанд пас кадом қоидаи таъриф риоя нашудааст ва ба кадом хато роҳ дода шудааст?
а) Дуздӣ – ба тариқи пинҳонӣ тасарруф намудани молу мулки шаҳрванд аст.
б) Мафҳум – инъикоси воқеият аст.
в) Роҳзанӣ – рўирост тасарруф намудани молу мулки давлат аст.
г) Феодализм – сохти ҷамъиятиест,ки ба истисмори одам аз тарафи одам асос ёфтааст.
д) Ҷазо – чораи маҷбурии давлатиест,ки мувофиқи ҳукми суд нисбат ба шахсони ҷинояти хизматӣ содир карда пешбинӣ шудааст.
е) Мантиқ илмест, ки қонунҳои тафаккури дурустро меомўзад.
ж) Тарғиби ҷанг аз хавфноктарин ҷиноятҳои давлатист.
з) Тўҳматчӣ – шахсест, ки машғули тўҳмат аст.
и) Идеализм – таълимоти фалсафиест, ки оламро бо таври ғайриилмӣ маънидод менамояд.
к) Коргурезӣ – модари тамоми нуқсонҳонҳост.
л) Дин – илм нест.
м) Тўҳмат бофтаеро меноманд, ки шахсро бадном мекунад.
н) Дуздии молу мулки шахс бо таври пинҳонӣ – тасарруф намудани молу мулки шаҳрвандон мебошад.
о) Кўл – ҳавзаи оби табиӣ, ки аз ҳар тараф бо хушки иҳота шуда, обаш ширин аст.
п) Ҳаннотӣ гуфта хариду фурўши молҳо ва чизҳои дигарро меноманд.
р) Тиб – илмест, ки касалиҳои инсонро меомўзад.
с) Секунҷа – шакли геометриест,ки дорои се кунҷ мебошад.
т) Мантиқ – илмест, ки тафаккури дурустро меомўзад, тафаккури дуруст – тафаккурест, ки ба қонунҳои мантиқ мувофиқ аст.
у) Таърихшинос – шахсест, ки таърихро меомўзад.
ф) Олиготсен – ин марҳилаи сеюмини полиоген мебошад. - Нисбат ба мафҳумҳои зерин амали тақсимро иҷро намоед (асоси тақсимро интихоб кунед). Инсон, шакли ҳамвори геометрӣ, мамлакат, баҳр таърих, гурўҳи иҷтимоӣ, нақлиёти шаҳрӣ, исм, асари бадеӣ, илм, дарахт, коргар, роҳ, китоб, шаҳр, миз, файласуф.
- Муайян намоед, ки дар кадом мисолҳои зерин таксономӣ ва дар кадомашон мереологӣ ҷой дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё