Мантиқ

Мафҳумҳои асосӣ: ҳукм, қазия, гуфтор, ҳукмҳои сода, навъҳои ҳукмҳои сода, миқдор ва сифати ҳукм, ҳукми қатъӣ, истилоҳоти ҳукм, мураббаи мантиқӣ, ҳукми мураккаб, конъюнксия, дизъюнксия, импликатсия, эквивалентнокӣ (баробармаъно), ҳукми инкорӣ, ҷадвали семантикии ҳаққоният, гуфтори айнан ҳақ, меъёр (норма), савол, навъи саволҳо, ҷавоб.
§1. Ҳукм ва ҷумла
Одатан, ашё дорои хосият ва нишонаҳои бисёре мебошанд, ки бо якдигар дар муносибати гуногун буда метавонанд. Мансуб будан ё набудани ин ё он нишона ба чизи муайян, ё ки ашё байни якдигар дар кадом муносибатанд, маҳз тавассути ҳукм собит мешавад.
Ҳукм шакли тафаккурест, ки дорои нишона будан, муносибати ашё ё мавҷуд будани худи ашё, ё ҳодиса тасдиқ ё инкор мешавад. Одатан истилоҳи «ҳукм»-ро дар якчанд маъно истифода мебаранд. Пеш аз ҳама дар маънои гуфтор, қазия ва қавл. Истилоҳи «гуфтор» дар мантиқи муосир шакли ифодаи фикр аст, ки танҳо дорои як қимат буда имкони вуҷуд доштани дигар қиматҳо низ ҳаст. Дар мантиқи классикӣ ё худ анъанавӣ гуфтор дуқимата мебошад, лекин дар мантиқи ғайриклассикӣ ё ки бисёрқимата, гуфтор метавонад якчанд қимат дошта бошад. Умуман гуфтор маҷмўи васеи ифодаҳои фикрро фаро гирифта метавонад, ки қимати мантиқиашон ҳақ, дурўғ ё номуайян буданашон шарт нест. Бинобар ин ҳукмро ҳамчун навъи гуфтор баррасӣ карда метавонем.
Аз тарафи дигар, ҳукм амалест, ки таввасути он муносибати инсон ба мазмуни гуфтор равшан мегардад. Яъне инсон аз нуқтаи назари тасдиқ ё инкор ба мазмуни гуфтор баҳо медиҳад, ки шубҳанок ё боварибахш аст.
Истилоҳи «ҳукм» дар амалияи судӣ ниҳоят васеъ истифода мешавад.
Лекин, дар мантиқи анъанавӣ ё худ мантиқи дуқимата фарқи байни ҳукм ва гуфтор ба эътибор гирифта намешавад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар як гуфторе, ки дар он ягон чиз (яъне мансубияти ягон нишона ба ашё ё муносибати байни ашё) тасдиқ ё инкор мешавад, дорои ду қимат буда метавонад: ё ҳақ ё дурўғ. Бояд тазаккур дод, ки баъзан ба ҷои истилоҳи «ҳукм» истилоҳи «муҳокима»-ро кор мефармоянд, ки ин он чандон дуруст нест. Зеро, дар забони тоҷикӣ истилоҳоти «муҳокима», «мулоҳиза», «андеша», «фикр кардан» ва ғайра муродифанд. Масалан, мегўянд, ки «ин ё он чиз муҳокима шуд» ё «оид ба ин ё он чиз мулоҳиза кардан лозим ё худ фикр карда бинед». Истилоҳи чунин ҳолатҳо моро водор менамояд, ки ба ҷои истилоҳи русии «суждение» «ҳукм» ё «қазия»-ро истифода намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё