Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Файласуфон ба материалистон ва идеалистон тақсим мешаванд. Материя ба материяи зинда ва ғайризинда ҷудо мешавад.
Мафҳумҳо ба мафҳумҳои куллӣ, ҷузъи ва фардӣ ҷудо мешаванд. Ҷумлаҳо ба ҷумлаҳои сода ва мураккаб ҷудо мешаванд. Кимиё ба кимиёи узвӣ ва ғайриузвӣ тақсим мешавад. Таркишҳои ҳастаӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: ҳавоӣ, заминӣ, зеризаминӣ, зериобӣ. Нерўгоҳҳо ба нерўгоҳҳои барқии атомӣ, обӣ ва буғӣ ҷудо мешаванд. Кислотаҳо ба кислотаҳои узвӣ ва ғайриузвӣ ҷудо мешаванд.
Намунаи ҳал: мисоли 1. Тақсими дихотомӣ. Материя – мафҳуми тақсимшаванда.
Материяи зинда ва ғайризинда узвҳои тақсим мебошанд. Тақсим дар асоси нишонаи А ва ғайри-А гузаронида шудааст.
Машқи 3. Тақсими мафҳумҳои зеринро санҷед ва агар тақсим нодуруст бошад, нишон диҳед, ки кадом қоида вайрон шудааст.

  1. Шаклҳои тафаккур аз мафҳум ва натиҷагирӣ иборатанд.
  2. Соатҳо ба соати дастӣ, соати деворӣ ва соати электронӣ ҷудо мешаванд.
  3. Физика аз қисмҳои зерин иборат аст: физикаи молекулавӣ, электромагнитизм оптика, физикаи ядрою атом ва физикаи назариявӣ.
    4.Хонандагон ба писарбачаҳо, духтарбачаҳо ва аълохонҳо тақсим мешаванд.
    5.Ҷисмҳо ба ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ ҷудо мешаванд.
  4. Амалҳои алгебравӣ аз ҷамъ, тарҳ , зарб ва тақсим иборатанд.
    7.Ҳайвонҳо ба ҳайвонҳои хонагӣ, дарранда, саг ва гурба ҷудо мешаванд.
  5. Донишҷўён қобилиятнок ва ғайриқобилиятнок мешаванд.
    Намунаи ҳал: Мисоли 1.
    Тақсими нопурра, ҳамаи мафҳумҳои навъи (узвҳои тақсим) – номбар нашудаанд. Шакли сеюми тафаккур- ҳукм, дар ин ҷо номбар нашудааст.
    Пас маълум шуд, ки қоидаи мутаносибии амали тақсим риоя нашудааст.

БОБИ V. ҚАЗИЯ (ҲУКМ).

пешина
аз 262
навбатӣ