Мантиқ

Субъект ва предикатро истилоҳҳои ҳукм меноманд. Масалан, дар ҳукми «Баъзе илмҳо гуманитарӣ нестанд», субъект «илмҳо», предикат «гуманитарӣ», бандаки мантиқӣ – «нестанд» буда, калимаи «баъзе» - квантор аст.
Ҳукмҳои атрибутивиро аз рўи сифат ва миқдор ба навъҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст.
Аз рўи сифат онҳо тасдиқӣ ва инкорӣ мешаванд. Агар дар ҳукмҳои тасдиқӣ ба ашё хос будани ягон нишона ифода шавад, дар инкорӣ, баръакс, ба ашё мансуб набудани ин ё он нишона баён мешавад. Масалан, ҳукми «Абўалӣ Сино – бузургтарин мантиқшиноси тоҷик аст»- тасдиқӣ буда, ҳукми «Ўзбекҳо – халқи эронинажод нестанд» инкорӣ мебошад.
Аз рўи миқдор ҳукмҳои атрибутивӣ фардӣ, куллӣ ва ҷўзъӣ мешаванд.
Дар ҳукмҳои фардӣ тааллуқ доштан ё надоштани нишона нисбат ба як чизи муайян баён мешавад. Аз ин рў, субъекти чунин ҳукмҳо номи фардӣ аст.
Мисол: «Тоҷикистон – ҷумҳурии соҳибистиқлол аст», «Зайд котиб аст», «Зайд котиб нест».
Дар ҳукмҳои куллӣ тааллуқ доштан ё надоштани нишонаи муайян нисбат ба ҳар як унсури ягон гурўҳ, ё маҷмўъ, ифода меёбанд. Масалан, «Ҳамаи шартномаҳое, ки дар онҳо талаботи қонунҳои ҳуқуқӣ риоя нашудааст, беэътибор шуморида мешаванд»; «Ҳеҷ як ситора аҳолинишин намебошад», «Ҳеҷ як инсон санг нест».
Дар ҳукмҳои ҷўзъӣ сухан дар бораи тааллуқ доштан ё надоштани ягон нишона ё хосияти муайян нисбат ба як қатор унсурҳои гурўҳ ё маҷмўъ меравад. Масалан, «Баъзе ҷиноятҳо барқасдона нестанд». «Баъзе файласуфон материалистанд», «Баъзе шоирони тоҷик дорандаи ҷоизаи давлатианд».
Калимаи «баъзе» дар ҳукмҳои ҷузъӣ маънои зеринро дорад: «ақалан якто, лекин метавонанд ҳамаашон бошад». Аз ин рў, ҳукми «Баъзе сангҳо мавҷудоти зинда нестанд» ҳақ мебошад, зеро ҳеҷ як санг мавҷудоти зинда нест.
Баъзан ҳукмҳои фардӣ ва куллиро ҳамчун ҳукмҳои айниятдор таъбир намудан мумкин аст. Зеро дар ҳукмҳои мазкур, сухан дар бораи он меравад, ки ягон нишона ба ҳар як унсури гурўҳи муайян хос аст ё хос нест. Вале, дар ҳукмҳои фардӣ фарз мешавад, ки гурўҳи мазкур танҳо аз як унсур иборат аст.
Ҳангоми муҳокимарониҳо барои ошкор намудани дурустӣ ё нодурустии онҳо, инчунин, дар баъзе ҳолатҳои дигар, ҳукмҳое истифода мешаванд, ки онҳо навъи тақсими ҳукмҳои атрибутивӣ аз рўи якҷоягии сифат ва миқдор мебошанд.
Аз рўи чунин асос ҳукмҳои атрибутивӣ ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: куллии тасдиқӣ, куллии инкорӣ, ҷузъии тасдиқӣ ва ҷузъии инкорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё