Мантиқ

Ҳукмҳои куллии тасдиқӣ аз ҷиҳати миқдор куллӣ буда, аз ҷиҳати сифат тасдиқӣ мебошанд. Масалан, «Ҳамаи донишҷўёни факултаи ҳуқуқшиносӣ илми мантиқро меомўзанд».
Шакли мантиқии ҳукми мазкур чунин аст; «Ҳамаи S -Р мебошад».
Ҳукми куллии тасдиқиро бо ҳарфи лотинии А ишора мекунанд.
Ҳукмҳои куллии инкорӣ аз ҷиҳати миқдор куллӣ буда, аз ҷиҳати сифат инкорианд. Масалан, «Ҳеҷ як давлати истибдодӣ ҷумҳуриявӣ нест».
Шакли мантиқии он чунин аст: «Ҳеҷ S - Р нест». Ҳукми мазкур бо ҳарфи лотинии Е ишора мешавад.
Ҳукмҳои ҷузъии тасдиқӣ аз ҷиҳати миқдор ҷузъӣ буда, аз ҷиҳати сифат тасдиқӣ мебошанд. Масалан, «Баъзе илмҳо гуманитарианд». Ҳукми ҷўзъии тасдиқиро бо ҳарфи лотинии I ишора мекунанд.
Ҳукмҳои ҷўзъии инкорӣ аз ҷиҳати миқдор ҷўзъӣ буда, аз ҷиҳати сифат инкорӣ мебошанд. Масалан, «Баъзе одамон тарафдори демократия нестанд».
Шакли мантиқии ҳукми мазкур «Баъзе S -Р нест» буда, бо ҳарфи лотинии О ишора мешавад. Одатан ҳукмҳои А,Е,I,О – ро ҳукмҳои содаи қатъӣ низ меноманд.
Ҳукмҳои зикршуда дар асарҳои Ибни Сино, ки ба мавзўҳои мухталифи илми мантиқ дахл кардаанд ба таври зерин шарҳ дода мешаванд:
«Яке он аст, ки ҳукм бар ҳама карда бувад ба исбот (тасдиқ), чунон ки гўи:
«Ҳар мардуме ҳайвон аст». Ва инро куллии мўҷиб хонанд ва сури он лафзи «ҳар чӣ» ва «ҳар» бувад. Ва дигар он аст, ки ҳукм бар ҳама карда бошанд ба салб ва нафӣ (инкор). Чунон ки гўӣ: «Ҳеҷ мардум ҷовидон нест». Ва инро «куллии солиб» хонанд ва сури вай лафзи «ҳеҷ» бувад.
Ва сеюм он аст, ки ҳукм бар бархе карда бошанд ба исбот ва ҳастӣ.
Чунон ки гўи: «Бархе мардум дабир (нависанда) аст». Ва инро «ҷузвии мўҷиб» хонанд ва сури вай лафзи «бархе» (баъзе) бувад.
Ва чаҳорум он аст, ки ҳукм бар бархе карда бошанд ба нафӣ ва нестӣ чунон ки гўи: «Нест бархе мардум дабир». Ва инро «ҷузвии со-
1 либ» хонанд ва сури вай лафзи «нест бархе» бувад».
Баъзан ҳукмҳои атрибутивиро аз рўи сохт ва таркибашон муайян мекунанд. Ҳукмҳои атрибутивӣ ҳамеша дорои як субъект мебошанд. Агар ҳукм ду ва ё зиёда субъект дошта, предикаташ якто бошад вай ҳукми муносибат аст. Зеро дар ин ҳолат предикат муносибати субъектҳоро ифода мекунад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳукмро аз функсияи пропозитсионалӣ (ё функсияи гуфторӣ) бояд фарқ кард. Масалан, ифодаи «х адади ҷуфт аст»
Ҳамон ҷо, саҳ. 36.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё