Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҳукм набуда, балки функсияи пропозисионалӣ аст. Барои он, ки ифодаи мазкур ҳақ ё дурўғ буда наметавонад. Ҳангоми ба ҷои х гузоштани ягон қимати муайян (масалан, адади 4) функсияи пропозитсионалии «х адади ҷуфт аст.», ҳукми «4 адади ҷуфт аст»-ро медиҳад, ки он ҳақ мебошад.
Дар забон, ҳар гуна ҳукм тавассути ҷумла ифода меёбад. Вале, ҳукм ва ҷумла як чиз нестанд. Як ҳукм метавонад бо якчанд ҷумла ифода шавад.
Ҳукм маънои ҷумларо ташкил медиҳад. Ҳукмҳои сода дорои як предикат мебошанд.
2. Қазияи муносибат, ҳукмест, ки дар он муносибати байни ду, се ва ё якчанд ашё тасдиқ ё инкор карда мешаванд. Дар ҳукми муносибат сухан дар бораи он меравад, ки ҷой доштан ё надоштани муносибати муайян дар байни ашё тасдиқ ё инкор мешавад. Масалан, «Шаҳри Душанбе аз шаҳри Хуҷанд калон аст», «Абдураҳмони Ҷомӣ устоди Алишер Навоӣ мебошад», «Ҳар як муфатиш ягон адвокатро назар ба ягон прокурор хубтар медонад».
Дар мисоли якум ҷой доштани муносибати «калон» байни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тасдиқ гардидааст. Дар мисоли дуюм муносибати байни ду шоири маъруф ошкор шудааст. Дар мисоли сеюм вуҷуд доштани муносибати «хубтар донистани касе, назар ба каси дигар», ки байни ҳар як муфатиш, ягон адвокат ва ягон прокурор ҷой дошта метавонад, тасдиқ шудааст.
Ҳукмҳои муносибат инкорӣ ҳам мешаванд. Дар ҳукми муносибати инкорӣ ҷой доштани ягон муносибат инкор карда мешавад. Масалан, «Донишҷўй Аҳмадов забони арабиро намедонад». «Сиёвуш Судобаро дўст намедошт» ва ғайра.
Вобаста аз он, ки дар ҳукм, доир ба муносибатҳои дорои ду ҷой дорои сеҷой ва ғайра сухан меравад, чизе нисбат ба ду, се ва зиёда ашё тасдиқ ё инкор мешавад. Дар ҳолати умумӣ ҳукми муносибат n-то чизи танзимёфтаро фаро мегирад.
Ҳукми муносибат аз ҷиҳати сифат тасдиқӣ ва инкорӣ мешаванд. Дар ҳукми тасдиқӣ ҷой доштани муносибати муайян байни ду ва ё якчанд ашё ифода меёбад. Дар ҳукми инкорӣ байни ашё вуҷуд доштани муносибати муайян инкор мешавад.
Ҳукми муносибат аз ҷиҳати миқдор низ ба навъҳо тақсим мешаванд.
Масалан, ҳукмҳое, ки муносибати дуҷояро ифода мекунанд, аз ҷиҳати миқдор ба фардии фардӣ, куллии куллӣ, ҷузъии ҷузъӣ, фардии куллӣ, фардии ҷузъӣ, ҷузъии куллӣ ҷудо мешаванд.
Мисоли ҳукмҳои мазкур чунинанд; «Аҳмадов аз Қосимов баландтар аст». (фардии – фардӣ). «Ҳар як донишҷўи гурўҳи мо, ҳар як муаллими факултаро мешиносад» (куллии куллӣ). «Баъзе донишҷўёни факултаи мо баъзе футболбозони зўртарини ҷаҳонро медонанд» (ҷузъии ҷузъӣ).

пешина
аз 262
навбатӣ