Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мақсади уламоҳо чун ворисони паямбар (с) тарсонидани аввомуннос аз бадномии тамғаи кофар ва оташи дўзах аст, ки бо ин роҳ каме ҳам бошад, мардумро аз кори бад боз доранд. Яъне, ишон нияти нек доранд ва бо ин мехоҳанд савоберо низ дарёбанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо тарафи дигари ин масъаларо фикр накардаанд, ки бо ин корашон онҳо одамон, махсусан ҷавонони бепарвои замони демократияро ноумед ва аз ислом дур месозанд. Ин дўстии одаму хирсро ба ёд меорад, ки хирс ба дўстам некӣ кунам гуфта, бо санг пашшаҳоро аз рўи рафиқаш дур карданӣ мешавад. Барои кайк шуда пўстинро оташ задан ҳикмати аҷибест.
Паямбар (с) низ чун тарсонанда барои кофирон азоби алимро ваъда кардааст. Бале танҳо барои кофирон. Аз муллоҳои мўҳтарам хоҳиш доштам, ки ҳини фатвои ин масъала ҷиҳати куфрон дар тоату куфрон дар эътиқодро ба инобат гиранд. Вале барои ҳар як амале ҷадид ва мухталиф мусалмононро фатво ба куфр кардан ва боз аз минбари паёмбари ислом зани онҳоро талоқ ҳисобидан камоли бехирадист. Коре накунед, ки одамон аз биҳишт ноумеду аз ислом гурезон шаванд, хусусан, дар замоне, ки ҳар гуна дину равияҳо буруз кардан доранд.
Маънии калимаи Иблис ноумед аст. Ноумед аз раҳмати Худо фақат Шайтон аст. Одамонро ба куфр муттаҳам кардан ва онҳоро аз дари биҳишт ноумед сохтан гуноҳи бузург аст.
Мавзўъқурбонкуниҳо
Як мавзуъро қурбони мавзўи айнӣ кардан одати воизон шудааст.
Яъне, агар мавзўи мавриди муҳокима хайру некӣ бошад, ончунон дар ин мавзўъ иғроқ мекунанд, ки шахс мехоҳад тамоми корро партофта, фақат хайр кунад. Ё, агар мавзўъ салавот фиристодан бошад, ончунон дар атрофи ин мавзўъ таассуб меварзанд, ки шахс мехоҳад, тамоми амалҳои дигарро як сў монда, танҳо салавот фиристода шинад ва мисли ҳамин. Дар ин маврид воизро лозим меояд, ки ҳангоми ҳукм дар масоили айнӣ аз масъалаҳои дигар сарфи назар нанамояд. Яъне, ҳангоми нишон додани ғазаби Худо аз раҳмати Ў фаромўш накунад, чун дар паҳлўи дўзах биҳишт низ ҳаст.
Беҳтарин роҳи даъвати мардум ин амри маъруф ва дуруст фаҳмонидани аҳкоми дин аст. Ҳидояткунанда Худованд аст.
Ба ақидаи баъзе аз уламои пешин мусалмон ҳеҷ гоҳ ба дўзах намеравад, зеро Худо Ғаффору Раҳмону Раҳим аст. Ояти «Аз раҳмати худо ноумед машавед. Ба дурустӣ, ки Худо ҷамиъи гуноҳонро мебахшад» (сураи Зумар, ояти 53), бурҳони қотеъ ва далели раднопазир мебошад.
Чу дарёи раҳмат талотум кунад,
Гунаҳ соҳиби хештан гум кунад.
Худовандо, моро биёмурз!

пешина
аз 161
навбатӣ