33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
«СССР»\18.12.2008
Насиҳати яҳудӣ ба фарзандон
Афсона
Буд, набуд як яҳудӣ буд. Яҳудӣ шаш писар дошт. Писари калонӣ Мишел, дуюмӣ Натан, саввумӣ Барис, чорумӣ Сем, панҷумӣ Фуро, шашумӣ Эмил ном доштааст. Вақте ки писарҳо ба балоғат мерасанд, яҳудӣ онҳоро назди худ даъват намуда, насиҳат мекунад, ки ҳар як шахс бояд касб дошта бошад. Миллати яҳуд барои он сарбаланд аст, ки доно ва ҳунарманд аст. Аз ин рў миллати яҳудӣ дар ҷаҳон ягона миллатест, ки гадо надорад. Ҳар шахс бояд дар зиндагӣ касберо интихоб кунад. Бигузор бадтарин касб бошад. Фаромўш макунед, ки бадтарин касб шуморо нон хоҳад дод. Ҳар як шахс касби худро бояд дўст дораду ҳурмат кунад ва то дараҷае он касбро омўзад, ки дар ҳамон соҳа беҳтарин бошад. Дар зоти мо, – мегуфт яҳудӣ, - одами дуввумдараҷаву саввумдараҷа нест. Мо ҳама аз олинасабонем, аз ин рў дар ҳама соҳа бояд пешсаф ва якум бошем. Дар ҳама давру замон ҷомеаро мо аз ду узви асосӣ сар ва по, яъне, қисме аз сараш ва қисме аз пояш мегирем. Яъне, мо гурўҳе сартарош ва гурўҳи дигар мўзадўз шуда зиндагӣ мекунем.
Ту, Мишел, майнаи боқувват дорӣ. Ончунон илм биёмўз ва донишманд шав, ки чун кашшоф ва ихтироъкори беҳтарин шинохта шавӣ. Марҳамат, ҷои ту китобхонаҳои шаҳр, шабу рўз биёмўз номзад шав, доктор шав, академик шав. Қуллаҳои илмро фатҳ намо. Вале фақат як соҳаро интихоб кун, холаи ҳамакора нашав!
Писарам Натан, ман сари халқро ба ихтиёри ту вогузор мекунам, яъне сартарош хоҳӣ шуд. Одамон ҳамеша мисли гунаҳкорон дар пеши ту сар хам мекунанд. Ту бошӣ чун ғолибон теғ бар даст аз онҳо пул хоҳӣ рўёнд.
Ту, Барис, дастони моҳир дорӣ, мўзадўзи хубе мешавӣ. Нахуст дар назди устои беҳтарини шаҳр ин касбро бо тамоми нозукиҳояш омўз. Ҳеҷ гоҳ касби мўзадўзиро паст назан ва ғам махўр, ки туро мўзадўз мегўянд. То вақте ин касбро олӣ иҷро карда метавонӣ, мардум ба назди дигар устоҳо нарафта ба назди ту хоҳанд омад. Бурди асосии ту ҳамин аст. Нони даҳони ту дар ҳамин ҷост. Зарбулмасали «Бадтарин ҳунар нонат медиҳад»-ро аз ёд набарор. То вақте ки одамон по доранду роҳ мегарданд, ин касби ту кўҳна нахоҳад шуд, ҳамеша ҷайбат серпул аст. Ҳеҷ гоҳ мўҳтоҷи касе нахоҳӣ шуд!
Писари азизам Сем, ту бисёр майдакор астӣ, аз ин рў аз ту устои хуби соатсоз мебарояд. Ончунон ин касбро дақиқкорона биёмўз, ки моҳиртарин устои соат бошӣ, то ки соатҳои бузурги шаҳрро ба ту бовар кунанд, ҳатто соати Кремлро ту таъмир намоӣ. То даме ки вақту замон ҳаст, соат дар дасти одамон тик-тик мекунад, касби ту ҳаргиз кўҳна нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё