Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. Асоси замони ҳозира, ки ба феъли фармоиш баробар аст ва онро шартан дар пайравӣ ба замони гузашта номгузорӣ кардаанд.
    Хуб мешуд онро асоси замони оянда мегуфтанд, зеро амали он ба оянда мансуб аст, на ба ҳозира мисол: хон, бин, рав, гӯй, шунав, шӯй, рӯб, хон. Ҳангоми таълим пеш аз асоси замони ояндаи феъл овардани пешванди таъкидии би- ё бу- (бо-и зинат) барои фарқ гузоштани вожаҳои ҳамгун (хон-хон, зан-зан, шӯй-шӯй, хар-хар) аз аҳамият холӣ нест. Чунончи: (би)хар, (би)шӯй, (би)зан, (би)кун, (би)соз, (би)хон ва ғ.
    Баъзе навъҳои феъли ҳол аз асоси замони ҳозира пайдо шудаанд:
    (ханда)кунон, (шоди)кунон, (чарх)занон ва ғ.
    Фарқи асосҳои феълӣ аз асосҳои қисмати калимасозӣ дар он аст, ки дар асосҳои феълӣ пешванду пасвандҳои феълсоз иштирок намекунанд. Агар онҳо илова шаванд, асоси феълӣ чун асос аз байн меравад. Мисол, вожаҳои намерафтам ва намеравам аз ду пешванд ва бандаки феълӣ иборатанд, ки аз онҳо танҳо решаҳои рафт ва рав асос ҳисобида мешаванду халос. Дар ин ҷо мафҳумҳои реша ва асос бо ҳам баробаранд.
    Аз ин нуқтаи назар, дар қисмати калимасозӣ истилоҳи асос муҷаддадан хостори тадқиқ аст.
    (Ин мақола бо хоҳиши Муаззам Диловаров корманди ЭСТ навишта шуд).

Табдили алифбо ва тағйироти зиёд дар хат ҳар ду як паёмад дорад!

Абдулаҳад Нуров як нафар хонандаи доимии СССР ва аспиранти Донишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб ба мо занг задаву аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар шабакаи К+ навиштаанд, ки «олимони тоҷик 4 овози садонок (гласные)-ро аз алифбои кириллӣ мепартоянд». Наход чунин тағйироти ҷиддиро мо аз канали хориҷӣ дарак ёбем, наход Ҳукумат ба ин розӣ шавад. Ана боз сар мешавад саргардониву ҳарфалишкунӣ, ин қадар ҳуҷҷатҳои давлативу шахсиро чи гуна иваз мекунем. Дигар кор надоранд ин олимон?
Ба фикри мо манзур аз ин чор ҳарфи гуфташуда садонокҳо набуда, ётбарсарҳо мебошад, ки дар мақолаи сарвари Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ ҶТ Сайфиддин Назарзода дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 6-уми ноябр омадааст.

пешина
аз 161
навбатӣ