33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Албатта навиштаи сарвари чунин як муассисаи бонуфуз новобаста аз мазмуни он ҳукми қотеъ набуда, танҳо пешниҳод аст ва пешниҳод метавонад қабул шавад ё нашавад.
Мақолаи мазкур аз шарҳи алифбои арабиасоси форсиии тоҷикӣ ва лотинӣ шурӯъ шуда, сипас муаллиф перомуни алифбои кириллии тоҷикӣ таваққуф намудааст. Муаллиф дар ҷадвали пешниҳоднамудаи худ 31 ҳарфро ҷой дода, аз он чор ҳарфи ётбарсарро соқит намудааст.
Инчунин дар мавриде ҳамсадои миёнизабонии й-ро, ки пештар «йот»
ном дошт, нимсадо ва дар мавриди дигар дар қатори 8 садонок ном мебарад. Дар мақола аниқ гуфта нашудааст, ки онро ба қатори садонокҳо дохил кунем ё ҳамсадоҳо. Зеро дар таълим ин чиз бисёр муҳим аст. Ба ғайр аз ин Сайфиддин Назарзода пешниҳод мекунад, ки минбаъд дар байн ва охир ба ҷои ҳарфи е, ки аз алифбо партофта мешавад, ҳарфи э нависем, мисли мэравад, сэб, бэд, бэл, шанбэ, орэ, рӯзэ.
Й-и бечора садонок аст ё ҳамсадо Дар мавриди нимсадо будани овози й гуфтанием, ки беҳтар аст онро ҳамсадо гӯем, зеро баъзе ҳамсадоҳо хусусияти шунавоӣ ё багӯшрасии худро танҳо бо садонокҳо комил мегардонанд. Масалан ҳамсадоҳои зич, мисли к, г, д, т, б, п танҳо дар сурати баъд аз худ гирифтани овози садонок ба гӯш мерасанд. Чунончи: бе, то, де, ка…
талаффуз кунед ва боварӣ ҳосил кунед. Фақат ба ин хотир, ки онҳо бе садонок ба гӯш намерасанд ё талаффузашон ғайриимкон аст, онҳоро бесадо номем? Аз ин рӯ овози й-ро ба қатори ҳамсадоҳо дохил кардан беҳтар аст. Истилоҳи «ҳамсадо», гарчанде ки ин мафҳумро пурра ифода накунад ҳам, қабул шудааст. Ба ғайр аз ин ҳангоми талаффузи овози й ҳавои аз шушбароянда ба монеае, ки байни забон (чуқурча шуда) пайдо мешавад, дучор мешавад ва мувофиқи таърифи савтиётшиносон садонок набуда, хоси ҳамсадо аст ва онро нимсадо гуфтану дар таълим хонандагонро ба иштибоҳ андохтан дуруст нест.
Яҳё нависем ё Йаҳйо
Акнун дар хусуси ба ҷойи ётбарсар навиштани ду ҳарф, мисли ба ҷои е навиштани йэ, ба ҷои ё – йо, ю – йу, я – йа ба мо ва умуман ба давлату миллати мо чӣ медиҳад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё