Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар пешниҳод натиҷае дорад, агар мо онро дар чашми хонандаи имрӯза нишон диҳем, хуб ё бад буданаш аён мегардад. Шумо тасаввур кунед, ки ин пешниҳод гузашт ва аз тарафи Ҳукумат қабул шуд ва минбаъд мо бояд чунин нависем:
Йаҳйо мэхоҳад, ки Йодгору Йусуф йак мошин сэбро бо йакдигар тақсим кунанд. Сэ соат онҳо, бэ он ки касэ йорӣ расонад, машғули ин кор буданд ва ин шэъри Рӯдакиро пайопай зэри лаб замзама мэкарданд:
Бӯи ҷӯи Мӯлийон ойад ҳамэ,
Йоди йори мэҳрубон ойад ҳамэ.
Акнун худ қазоват кунед, ки баъди чунин тағйирот ҷомеаи мо ба чи гуна мушкилот рӯбарӯ мешавад. Чанде аз онро номбар мекунем.

  1. Шиору овезаҳо ва номи вазоратҳову корхонаҳои ҷумҳурӣ пурра бояд ба имлои мазкур мутобиқ шаванд, мисли Дастгоҳи Прэзидент, Агентии корупсийа 2) Номи садҳо қонуну санадҳо дигар мешаванд, мисли Конститутсийа ва ғ.
  2. Номи шахсон дар ҳуҷҷатҳо дигар мешавад, мисли Йаҳйоэв Мадйор, яъне ҳазорҳо -ев -эв хоҳад шуд.
  3. Фарҳангу луғот, маҷаллаву рӯзномаҳо пурра тағйир хоҳанд пазируфт!
    Номи шаҳрҳо ҳам тағйир меёбанд, мисли Душанбэ, Панҷакэнт, Восэ…
    Акнун иқтисоддоне мебояд, ки барои табдили номи шаҳру қишлоқҳову ва ғайра ҳисоб кунад, ки чӣ қадар маблағ лозим аст. Ва рӯҳшиносе даркор, ки ташхис намояд, ки барои ин ҳама чӣ қадар шахс асабонӣ мешавад ва ба ӯ чӣ қадар зарари рӯҳӣ мерасад.
    Ва суоли матраҳ аст, ки ин ҳама ба хотири чӣ?
    Ғайр аз ин чунин бо ҳарфҳои алоҳида ифода намудани ҳар овоз хоси алифбои лотинӣ буда, барои хатти кириллӣ хос нест.
    Бояд гӯем, ки бо чунин тағйирот 60 - 70 фоизи зоҳири хатти мо (имлои мо) дигар мешавад, ки ин баробар аст ба як табдили алифбо.
    Агар чунин тағйироту табдилкунии куллие лозим бошад, пас оё беҳтар нест, ки ба хатти бобоӣ - форсии арабиасос баргардем, чун хатти кириллӣ на ба ҳама савтиёту армонҳои мо мутобиқат дорад? Ба хотири Рӯдакиву Фирдавсиву Румиву Саъдиву Ҳофизу Бедил ва Айнӣ, ки ҳама зодагони ҳамин хатанд, оё баргардиш ба алифбои ниёгон, баргардиш ба асли худ нест.
пешина
аз 161
навбатӣ