33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳазрати Яъқуб (а) аз бўи пироҳани писараш бино гашт. «Савум Яъқубро аз бўш равшан гашт чашми тар» гуфтани Рўдакӣ ишора ба ҳамин воқеа аст.
Қисми якум дар ҳамин ҷо ба итмом расида, қисми дуюм – аҳволи шоир оғоз меёбад. Байти сеюм:
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ, Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар.
Рўдакӣ бо сўзу гудоз қиссаи Юсуфро ба хотир оварда, бо як маҳорати баланд аҳволи худро нишон додааст. Шоир рўи худро ба пироҳани аввали Юсуф, ки аз ҳасаду макри бародарон пурхун шуда буд, монанд мекунад. Кайд вожаи арабӣ буда, дар луғат ба маънии макру ҳилла ва бадандешӣ меояд. Аз байт маълум мешавад, ки шоир аз макру ҳасад ва бадандешии душманону ҳасудон ба воқеаи мудҳише дучор шуда, рўяш пурхун шудааст.
Ин мисраъ андак шарҳталаб аст.
«Рухам монад бад –он аввал» гуфтани шоир ва маҳз рўйи худро ба пироҳани аввал монанд кардани ў бесабаб нест. Солҳост, ки баҳс перомуни нобиноии Рўдакӣ идома дорад. Гурўҳе ақида доранд, ки Рўдакӣ умуман кўр набуд. Қисми дигар даъво мекунад, ки Рўдакӣ кўри модарзод буд. Иддае даъво доранд, ки дар пиронсолӣ ўро кўр карданд.
Сухани асосиро Рўдакӣ худ гуфтааст: «Рўхам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ». Гарчанде Рўдакӣ чашмам намегўяд, вале маълум, ки чашм дар рўй ҷойгир аст ва ҳамин рухам гуфтани Рўдакӣ кифоя аст, ки аҳволи Рўдакиро бифаҳмем. Чи тавре ки пироҳани аввали Юсуф аз дасти бародарони ҳасуду бадандеш пурхун шуда буд, Рўдакиро низ душманони ҳасуду бадандеш кўр кардаанд. Ва давом медиҳад, ки «дилам монад бад-он сонӣ». Яъне чи тавре ки Зулайхои шайдо ба Юсуф тўҳмат зад ва пироҳани аз пас даридаи Юсуф ягона далел шуд бар бегуноҳии Юсуф. Рўдакӣ низ ба моҷарои бузурге афтода, дилчоку ҷигархун аст. Ва дили худро маҳз ба ҳамин пироҳани Юсуф монанд мекунад. Ғолибан адабиётшиносон қайд кардаанд, ки ўро бо тўҳмати қармативу рофизигӣ кўр кардаанд.
Ва чи тавре ки дар мисраи охир мебинем, Ў орзўи аз сари нав бино шуданро дорад, ки мегўяд:
«Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар»
Яъне, чи тавре ки ҳазрати Яъқуб аз бўи пироҳани писараш, яъне нишони васлу ба охир расидани ҳиҷрон бо ў бино шуда буд, Рўдакӣ ҳам дар охирҳои умр орзуи аз нав бино шудан кардааст. Ин мисраъ далели равшан бар он аст, ки Рўдакӣ замоне, аниқтараш дар охирҳои умр нобино будааст.
Таҳлили шеъри мазкур аз чанд ҷиҳат аҳамият дорад. Аввалан, хонанда аз қиссаи ширини Юсуф ва Зулайхо ёдовар щуда, дар муқоиса бо он аз аҳволи асосгузори адабиёти форсу тоҷик, ифтихори тоҷикистониён, шоири дўстдоштаву беназир Рўдакӣ огоҳ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё