33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Сониян, ба баҳси доманадори нобиноии ў ворид шуда, як далели бисёр мўътамадеро аз эҷодиёти худи шоир пешорўи хеш мегузорад ва аниқу бешубҳа метавонад аҳволи шоирро на аз тахмини як шахси дуввуму саввум, балки аз гуфти худи шоир ҳадс бизанад.
«Ҷумҳурият»\13.03.2008
"Шоҳнома" ва "Қасас-ул-анбиё"
(Ду гули як гулбун)
Муқоисаи асарҳои бадеӣ дар адабиётшиносӣ мавзўи маъмулу ҷолиб аст. Усули муқоиса имкон медиҳад, ки дар як вақт ду асар мавриди таҳқиқ ва омўзиш қарор бигирад.
Бояд гуфт, ки мавзўи мазкур дар адабиёт мавзўи нав нест. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки ин ду асари аз ҷиҳати мундариҷа мухталиф чӣ гуна метавонанд муқоиса шаванд.
"Қасас-ул-анбиё" бо номҳои "Қасас", "Сияри шариф", "Аҳсан-улқасас" ва ғ. зикр шавад ҳам, ҳамон як асар аст, ки дар асоси оёти "Қуръон"-и азимушшаън таълиф шудааст. Ва муҳаққиқин огоҳанд, ки китобҳои осмонӣ - "Таврот"-у "Инҷил" бо "Қуръон"чӣ гуна иртибот доранд. Аз ин рў қиссаҳои "Қасас" ҳамон қиссаҳои "Библия"-и машҳуранд, бо баъзе тафовутҳо.
Шабоҳат асосан дар чунин мавзуъбандӣ, ки нақшаи мақолаи мост, дида мешавад: 1.Оғоз; 2. Каюмарс ва Одам(ъ); 3. Шоҳ Ҷамшед ва Сулаймон(ъ); 4. Кайковус ва Намруд; 5. Сиёвуш ва Иброҳим; 6.
Зардушт ва Иброҳим.7. Ҷойгаҳи порсиён дар олами ислом.
Оғози ду асар
"Шоҳнома"-и Фирдавсӣ нахуст оғоз мешавад бо номи худо:
Ба номи худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад(1-25).
Ва фаслҳои аввали он низ чун "Қасас" дар офариниши олам, мардум ва ғ. аст. Яъне Фирдавсӣ низ ҳамон анъанаи офаридани асарҳои бузургҳаҷмро риоя намудааст. Ҳам дар "Шоҳнома" ва ҳам дар "Қасас" ибтидои пайдоиши олам чор унсур - оташу боду обу хок нишон дода шудааст:
Бад-он то тавоноӣ омад падид.
Ки Яздон зи ночиз чиз офарид,
Аз ў мояи гавҳар омад чаҳор,
Бароварда бе ранҷу бе рўзгор.
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён боду об аз бари тирахок(1-25).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё