33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Чунин рўзи фаррух аз он рўзгор, Бимонда аз он хусравон ёдгор(ҷ.1,с.64).
Ҳазрати Сулаймон низ ангуштарини худро, ки гум карда буд, ёфт, бод бисоти ў ба ҳаво бардошт ва тоҷу тахт ба ў бозгашт. Мардум он рўзро Наврўз хонданд.
Хоҷа Ҳофиз, ки девони ў чун китоби дарсии мадрасаҳои исломӣ маъруф аст, ин ангуштариро ба Ҷамшед нисбат дода, "Шоҳнома"-ро истинод меорад.Чунончи:
Хотами Ҷамро башорат деҳ ба ҳусни хотимат, К-исми аъзам кард аз ў кўтоҳ дасти аҳриман…
Шавкати пури Пашангу теғи оламгири ў Дар ҳама шаҳномаҳо шуд достони анҷуман (с.470).
Ё ки ишора ба қиссаи мўр ва ҳазрати Сулаймон:
Бар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи осмон аст, Ҳиммат нигар, ки мўре бо он ҳакқорат омад (с.221).
Ва:
Забони мўр ба Осаф дароз гашту равост, Ки хоҷа хотами Ҷам ёва карду боз наҷўст(с.63).
Дар байти поён бошад, ҳам ҷоми ҷаҳоннамо ва ҳам ангуштарии мўъҷизанок ба як шахс нисбат дода шудааст. Яъне Ҳофиз Ҷамшеду Сулаймон(ъ)-ро як кас медонад:
Диле, ки ғайбнамоясту ҷоми Ҷам дорад, Зи хотаме, ки даме гум шавад, чӣ ғам дорад? (с.164).
Гарчанде саргузашти ҳар ду то охир як хел набошад ҳам, бешак метавон гуфт, ки прототипи ҳазрати Сулаймон дар "Шоҳнома"
Ҷамшед аст.
Ба ақидаи мо Фирдавсӣ аз ин қиссаи машҳури ва "Қуръон"
фаровон истифода намудааст.
Кайковус ва Намруд
Аз "Қасас": "Намруд (лаън.) аз мулки Аҷам берун омад. Ва ибни Канъон ибни Одам ибни Сом ибни Нўҳ тозизабон буд ва дар Аҷам ўро Кайковус ибни Кайқубод ибни Манучеҳр ибни Фаридун ибни Ҷамшед хонандӣ. Фааммо дурусттар он аст, ки Намруд номи ў буд"
(саҳ. 50).
Аз ин қиссаи кутуби осмонӣ Фирдавсӣ ду воқеаро истифода намудааст. Яке ба осмон рафтани Намруд тавассути уқобон ё каргасон ва тир андохтан ба сўи осмон, ки қариб айнан нақл мешавад. Ва дигаре оташ афрўхтани Намрўд (лаън.) ва дар оташ андохтани ҳазрати Иброҳим (ъ).
Чунончи Фирдавсӣ мегўяд:
Нишаст аз бари тахт Ковуси кай, Ниҳода ба пеш андарун ҷоми май.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё