Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чу шуд гурсуна тезпаррон уқоб,
Сўи гўшт карданд ҳар як шитоб.
Зи рўи замин тахт бардоштанд,
Зи ҳомун ба абр-андар афроштанд (2-160).
Мақсади ба осмон рафтани Ковус низ бо Намруд аз "Қасас" як хел тасвир ёфтааст:
Шунидам, ки Ковус аз он бар фалак Ҳаме рафт, то бугзарад аз малак.
Дигар гуфт аз он рафт бар осмон, Ки то ҷанг созад ба тиру камон(2-160).
Дар ҳар ду асар низ маслиҳатгари Намруду Ковус дар ин кор иблис аст.
Сиёвуш, Зардушт ва Иброҳим(ъ)
Қиссаи машҳури Иброҳим(ъ), ки Намруди лаъин ўро дар оташ андохт ва оташ ўро насўхт, дар "Шоҳнома" набошад ҳам, лекин воқеаи дигаре ба он шабеҳ мавҷуд аст. Ин аз оташи бузург саломат берун омадани Сиёвуш ва бегуноҳ ҳисоб шудани ў мебошад:
Чу з-он кўҳи оташ ба ҳомун гузашт, Хурўшидан омад зи шаҳру зи дашт…
Ҳаме дод мужда якеро дигар,
Ки бахшуд бар бегунаҳ додгар(2-).
Аз рўи ақидае, ки дар "Қасас" баён шуда, аз ин пас оташ муқаддас ҳисобида шуд ва оташпарастӣ аз ҳамин ҷо оғоз ёфт: "Ҳорон (вазири Намруд) гуфт: - Ё Намруд, он кароматро Иброҳим(ъ) аз сабаби оташпарастӣ ёфта… Ва габрон ба ин восита оташпараст шуданд. Ва эшон чанд гурўҳанд: Маздуқиён ва Нушервониён ва Сосониён"(с.57).
Дар порчаи шеърие низ ибораи "Иброҳими Зардушт" вомехўрад.
Бояд гуфт, ки гўсфанд дар "Авасто" чорвои муқаддас ҳисобида шудааст. Дар қиссаи Иброҳим(ъ) низ аз ҷаннат ба ивази Исмоил(ъ) гўсфандеро ҳазрати Ҷабраил(ъ) фидя меорад.
Зардушт ва Иброҳим бо баъзе махсусиятҳо шабеҳи ҳам тасвир ёфтаанд. Падари Иброҳим(ъ) Озар ном дорад, ки маънияш оташ аст.
Берунӣ комилан муътақид аст, ки Зардушт аз Озарбойҷон буд(саҳ.222).
Маънии Озарбойҷон аз озарободагон(оташобод) аст, ки ду маъниро пайгир аст: 1) ҷое, ки Озар(шахс) обод карда; 2) ҷое, ки Озар(оташ) обод карда. Воқеан, оташкадаҳои Зардушт дар Озарбойҷон, ки он замон ба Эрони Бузург дохил мешуд, сохта шуда буданд.
Вале ислом оташпарастиро дини ботил дониста, Зардушт ва китоби ў "Авасто"-ро осмонӣ ҳисоб намекунад. Пас чӣ сабаб шуда, ки хостанд Иброҳим(ъ) ва Зардуштро як шахс ҳисобанд?
Омезиш додани фарҳанги арабу аҷам ва бад-ин васила исломӣ нишон додани урфу одати мардуми Аҷам маъмул буд. Гузашта аз ин, ба фикри мо ҳусни таваҷҷўҳ доштани шахсони алоҳида ба дини Зардушт ва китоби Авасто низ сабаби тақвият ёфтани ин афкор буд.

пешина
аз 161
навбатӣ