33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Бояд гуфт, ки солҳои шӯравӣ маҳз ба хотири чунин байтҳои мармуз ва ба таъбири он замон «мазмуни атеистидошта» бисёр шоирон дар адабиёти дарсӣ ҷой гирифтанд, вале чун Мавлои Рум барин шоирон ба хотири рӯиростгуфтанҳо аз адабиёти онзамона фурӯ афтоданд. Аз ин нуқтаи назар рамзу пӯшидабаёнӣ санъатест, ки асрҳо осори шоиронро аз боди ҳаводиси рӯзгор муҳофизат карда меояд.
Ашъори классикон ба хусус Лисонулғайб Хоҷа Муҳаммад Шамсидин Ҳофизи Шерозӣ аз ду ҷиҳат мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Аз нигоҳи зоҳир ва аз ҷиҳати ботинӣ ё аслӣ. Бузургии шоир ҳамон вақт аён мегардад, ки зоҳири шеъри ӯ халале барои дарки ҷиҳати ботинии он ворид накунад. Агар зоҳири шеър ба ботини он мувофиқат кунад, пас шоир ба ҳадаф расидааст. Ғазали Лисонулғайб низ аз ҳаминҳост.
Аммо муҳаққиқину муфассирини ашъори Хоҷаи Шероз бар ин қавл мӯътақиданд, ки Хоҷа ҳеҷ шеъре дар васфу дилбастагии ин дунё нагуфтааст. Партав Алавӣ дар китобаш «Бонги ҷарас» ҳар мисраи Ҳофизро ояте аз Қуръон медонад. Муҳаммад Ансор низ бо саъю кӯшиш тавонистааст 42 ғазали Хоҷаро тафсир намояд. Дар муқоиса ба инҳо адиби турктабор Судии Босниягӣ дар таҳлилҳои худ камтар ба рамзу ботиниёти Ҳофиз сар фуру бурдааст. Ҳамин тавр шарҳу тафсирҳо бар ғазали шуаро ниҳоят зиёданд, ки ҳамаи онҳоро овардан зарурат надорад.
Чуноне ки гуфтем, ин байтро ду тарз метавон таҳлил кард:
Якум, аз ҷиҳати зоҳирӣ. Чунин ба назар меояд, ки Ҳофиз таъкид бар он дорад, ки ҳаёти хуши ин дунё нақд аст, аз он истифода кун, ва ба сухани зоҳиду муллоҳо бовар накун, зеро ваъдаи фардои онҳо – яъне биҳишти роҳатро дар ҳамин ҷо нақд дармеёбӣ (Чуноне ки дар замони Шӯравӣ таълим медоданд). «Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам» гуфтани Ҳофиз тарафдорони ин ақидаро мутмаинтар кардааст, ки Ҳофиз он дунё - биҳиштро инкор мекунад. Баҳс низ аз ҳамин ҷо сар мезанад, ки Ҳофизи Қуръон чӣ гуна метавонад муртакиби чунин гуноҳи кабира шавад.
Дуввум, аз ҷиҳати ботинӣ. Дар ин мисраъ ишора ба сураи «Юнус»
ояти 26 ва сураи «Қиёмат» ояти 22-23 ва ҳадисҳо зиёди ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки ваъдаи дидори Худо дар биҳишт аст. Ва мӯъминон дар ҷаннат ба дидори Ӯ мушарраф хоҳанд шуд. Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё