Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Дар он рӯз мӯъминон бо рӯйҳои тоза назар кунанд ба сӯйи Парвардигори худ» (сураи «Қиёмат»).
«Имрӯзам» гуфтани шоир ду маънӣ дорад: яке Ман имрӯз ҳастам, дигаре имрӯз аз барои ман. Ғолибан маънии дуюм дар ин ҷо саҳеҳтар аст. Яъне имрӯз аз барои ман биҳишти нақд – васли Маҳбуб муяссар мешавад, ваъдаи зоҳидро (ишора ба ҳадис) чаро бовар кунам?
Ин ҷо суоли чаро бовар кунам? на қатъи имону боварист, балки ба хотири ишқи зиёд ва иштиёқи беҳад бар васли Дӯст тахфифи интизории зиёд аст. Мисли мурдану то қиёмат дар гӯр истодан ва баъд саҳрои қиёмату сирот, ки ин ҳама марҳалаҳои ин интизориянд. Яъне ваъдаи фардои зоҳид бисёр интизоршуданӣ аст ва ман имрӯз аз бароям васли Дӯст муҳайёст ва ҳоҷат дигар ба он насия ё ваъдаи деринтизор нест. Зеро муфассирин гуфтаанд:
Баёни орифонро истилоҳест,
Ки ҷуз ориф касеро гуфтугӯ нест.
Чуноне ки дар худи ҳамин ғазал дар ҷои дигар меҳнату оташи ишқро аз ҳавзи Кавсар волотар донистааст:
Ошиқонро гар дар оташ меписандад лутфи дӯст, Тангчашмам, гар назар бар чашмаи Кавсар кунам.
Ҳосил шудани васл дар ҳамин дунё танҳо бо тариқати суфия ва ранҷу машаққати он мисли: дарвешӣ, рӯзадорӣ, бедорхобӣ, чилланишинӣ зикру дигар дастуроти пири муршиди комил ба даст меояд, ки шоирони мо онро аз биҳишти ҷовидонӣ болотар гузоштаанд.
Зимнан дар ғазалиёти Ҳофиз ин маънӣ дар чандин ҷо дида мешавад, ки хоки дари кӯи дӯсту васли ёрро аз тамоми хушиҳои ин дунё ва он дунё болотар ниҳодаанд.
Шояд баъзеҳо шубҳа кунанд, ки дидори Ӯ дар ин дунё ба ҳеҷ ваҷҳ ба касе муясар намешавад. Оре, ин сухани хос аст ва барои ом дастнорас аст, зеро ба қавлӣ Шайх Саъдӣ:
Аз ҳазорон дар яке гирад самоъ, З-он ки ҳар кас маҳрами пайғом нест.
Ошноён раҳ бад-ин маънӣ баранд, Дар сарои хос бори ом нест.
Ва суфиён бандагони хосу баргузидаи Худоянд. Танҳо ба ёд овардани қиссаи Увайси Қаранӣ маъруф ба Ҳазрати Султон, ки дар замони паёмбар зиндагӣ мекард ва паёмбар ӯро надида, тавассути ваҳй аз ӯ воқиф шуда, аз ӯ ёд мекунад: Инни лааҷиду нафаса раҳмони мин қибалил ямани.

пешина
аз 161
навбатӣ