Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мутаассифона, ин гуна маҷозҳои сермаъно, ки дар илми имрӯз воҳиди фразеологӣ ном доранд, аз истифодаи ом берун афтодаанд.
Сарсилсилаи мурдофот байрақ аст ё парчам?
Байрақ, алам, роят, ливо, парчам ва дурафш ин шаш вожа ба ҳамдигар муродифанд. Ғолибан ба ҳар вожа нангарем, берун аз маънои дурахшидану машҳур шудану дидан нест. Бояд гуфт, ки лашкар ҳангоми набард чашм доим тарафи парчами афрошта буд, то дилпур бошад, ки қалби лашкар устувор аст. Аз ин рӯ қисмати зиёди лашкариён вазифадор буданд, ки аз он муҳофизат кунанд.
Барафроштагии парчам нишони ғалаба ва дилпурии сипоҳ маҳсуб меёфт.
Вожаи байрақ дар Фарҳанги забони тоҷикӣ (ФЗТ) туркӣ гуфта шудааст, вале он аз феъли арабии барақа – дурахшидан бояд ахз шуда бошад. Гарчанде дар «Луғати арабӣ-русӣ»-и Баранов Х. шакли байрақ нест, зеро ин вожа вайроншудаи ҳамон феъли барақа аст.
Калимаи (ъ)алам низ аз арабии донистан маъруфу машҳур шудан маънӣ мегирад. Чун ҳар давлатеро аз парчамаш мешиносанд.
Вожаи роят ё раъят аз руъятун - дидани арабӣ реша дорад. Чун дар лашкаргоҳ аз ҳар ҷонибе нангарӣ аз ҳама ашёи баланд ва назаррасу ба чашм диданӣ ҳамин рояти қалби лашкар аст.
Вожаи арабии ливоъун ба маънии тофтану печонидан рафта – рафта чун ашёи ҳарбӣ – давлатӣ маънии парчаму дирафшро гирифтааст. Шакли ялав – байрақ низ аз ҳамин ливо реша дорад.
Чуноне ки мебинем аз ин шаш вожа чортоаш арабӣ буда, танҳо парчам ва дирафш аслии тоҷикианд. Дар ин силсилаи муродифот то замони истиқлолият вожаи арабии байрақ аз ҷиҳати серистифода будан чун сарсилсила маҳсуб мешуд. Шукр, баъди истиқлол ва қабул намудани Нишону Парчам вожаи зебои аслии тоҷикии Парчам серистифода шуд ва ҷои калимаи арабии байрақро соҳиб гашт. Устод Сулаймон Анварӣ дар асоси санадҳо вожаҳои манҷуқ (моҳчаи болои байрақ) ва хуч (тоҷи хурус) –ро муродифи парчам ва ҷузъҳое аз алам медонад («Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома»»).
Парчам дар ФЗТ «Пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд». Аз ин ҷо киноя аз зулфи ёр низ гуфта мешавад. Аз шарҳи фарҳанг бармеояд, ки он ҷузъе аз байрақ будааст.

пешина
аз 161
навбатӣ