Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо ба ақидаи мо вожаи Парчам аз калимаи ниҳоят машҳур, ки ҳатто ба забони русӣ гузаштааст, яъне парча – пораи матоъ ё ашёи дигар пайдо шудааст. Чунончи дар «Луғати русӣ - тоҷикӣ» омадааст «Парча ж – зарбафт, зарбофт, кимхоб, дебо» (саҳ.
686). Ин маълумот басо пурқимат аст, ки он як матои оддӣ набуда, балки матоъи бо зарҳал бофташудаву ороёфта, дебо мебошад. Дар тасвири Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» низ омадааст, ки дирафши ковиёниро аввалин бор бо матои дебо ва дурру гуҳар Фаридун ороста кард:
Чу он пӯст бар найза бардид кай, Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Минбаъд барои аз парокандагӣ нигоҳ доштани калима ва чун номи ашё ташаккулёбии он ҳамсадои м дар охир илова шуд. Яъне, ҳамсадои «м» ҳарфи зинат аст, зеро «м» вожаи парокандаи парча – ро, ки аз чандин маъно иборат буд, чун як воҳиди комили якмаъно ҷамъ овардааст. Воқеан ҳам ин воҳиди комили якмаъно як чизи оддӣ набуда, ашёи сиёсӣ, ҳарбӣ ва рамзи давлат аст. Агар ба сайри таърихии ин вожа назар кунем, чунин шаклҳоро аз сар гузаронидааст:
пора + ча, пораи чизи хурд порача, минбаъд парча + м ва баъд парчам.
Мақсад аз дирафш
Зулми Заҳҳок ба дарозо кашид, Фирдавсӣ подшоҳии Заҳҳокро ҳазор сол буд, мегӯяд. Яъне сулолаи аждаҳобардушон ҳамин қадар давом кардааст. Ба ақидаи мо азбаски зулму торикӣ ҷонкоҳу тоқатшикан аст, он хоҳ як сол аст ё сад сол дар назари озодагон хеле зиёд аст, аз ин рӯ шоир онро ҳазор гуфтааст. Зимнан рақамҳои 40, 100 ва 1000 дар насри бадеӣ ва таъбироти халқ ададҳои дақиқ набуда, бисёрӣ ва зиёдиро мефаҳмонанд. Чун зулми Заҳҳок аз ҳад гузашт, Кова - косиби оҳангаре аз миёни меҳнаткашон бархост ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кард ва мардумро ба қиёми зидди зулм даъват кард. Суолест, ки чаро пешдомани чармин ва чаро дар чунин рӯз. Зеро Кова аҳли ҳунар буд ва дар миён бастани чарми оҳангарӣ нишони дар коргоҳ сари кору фаъолият будан аст. Аммо бар сари найза кардани он чӣ маъно дорад? Яъне оҳангар дигар дар коргоҳаш нест, мусибате ва аламе ӯро аз кору фаъолияташ дур гардонидааст.

пешина
аз 161
навбатӣ