33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Имрӯз дигар соати кор нест ва аз кори доимӣ ва амали дӯстдошта кори дигар ва муҳимтаре пеш омадааст. Ин даъват аст ба меҳнаткашону ҳунармандони дигар, ки мулк дар хатар аст ва бояд бархост ва пайи наҷоти меҳан кӯшид, ин аст рамзи дирафш ин аст мақсад аз парчам, ана аз куҷо пайдо шудааст ин матои муқаддас.
Дар хусуси рангҳои дирафши ковиёнӣ дар «Шоҳнома» гуфта мешавад, ки аз дирафш рангҳои сурху зарду бунафш фурӯ овехта шуда будаст:
Фурӯ ҳишта з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дурафш».
Ва ҳар подшоҳе, ки меомад, дар он гавҳареву ороише илова мекард:
Аз он пас ҳарон кас, ки бигрифт гоҳ, Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ, Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи дебои пурмояву парниён,
Бар он гуна гашт ахтари ковиён.
(Ҷ.1,саҳ. 100)
Табарӣ менависад, ки он аз пӯсти паланг буд, 8 араш (ваҷаб) арзу
12 араш тӯл дошт. Ба ақидаи Хоразмӣ дирафши коваёнӣ аз пӯсти хирс ва шер буд ва подшоҳон дар ҷангҳо аз он таяммун ва табаррук меҷустанд.
Дурафши ковиёнӣ куҷо шуд?
Воқеан ҳам аз замони Фаридун то ҳуҷуми арабҳо лашкари Эрон дар ҳама ҷангҳо пирӯз меомад. Нақл аст, ки саркардае бо номи Баҳроми Ҷодуя ин дирафшро дар даст дошт ва дар чанд муҳорибае бар арабҳо пирӯз шуда буд. Дар замони шоҳ Яздугирди Сосонӣ ва хилофати Умар арабҳо дар ҷанги маъруф ба «Набарди Қодисия» бар эрониён ғалаба карданд. Рустами сипаҳсолор кушта шуд ва тозиён пирӯз шуданд. Ғанимати зиёди ҷангӣ ба дасти арабҳо монд. Аз ҷумла дирафши ковиёниро, ки ғарқи дурру гуҳар ва зарру сим буд, Зирор ибни Хаттоб ном сипоҳии араб ба даст овард.
2,5 ҳазорро ба 30 ҳазор фурӯхтанд, чаро?
Масъудӣ дар «Мураввиҷуззаҳаб» менависад, ки баъди ҷанги Қодисия харидори дурафши ковиёнӣ зиёд шуд, онро нарх монданд, ки қиматаш 2,5 ҳазор динор зарри сурх баромад. Аммо ҳар нафар дар ин савдои музояда чизе меафзуд, то ки дирафши ковиён ба қимати 30 ҳазор динор зарри сурх фурӯхта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё