33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳар кӣ аввалбин бувад аъмо бувад, Ҳар кӣ охирбин чӣ бомаъно бувад.
Ҳар кӣ аввал бингарад анҷоми кор, Дар уқубат ў нагардад шармсор.
Румӣ
Мактаби Айнӣ
Адабиёти муосир бо ҳама содагиву равонияш бо ҳама ҷумланигорияш хизмати Айнӣ аст. Таъсири Мактаби Айниро дар ҳар навиштае мебинем. Аввалин повест, аввалин роман аз ўст. Яъне ҳукми аввалият дар ин ҷо алакай ҷорист. Агар касе фаразан аз услуби клоссикӣ коргир шавад ё аз ҳамзабонони ирониву афғонӣ вожаҳои наверо бо услуби нав корбаст кунад, ҳатман дучори сарзанишу маломат қарор мегирад. Чаро ки қолаби аввалиятро шикаст.
Хатти кириллӣ омад
Бо қабул намудани хатти кириллӣ бисёр қоидаҳои мақбулу номақбул дар забон ҷорӣ шудан гирифтанд. Азбаски дар ҷумҳурии мо аниқтараш дар ин минтақа ин хат аввалин бор пой ниҳод, қонуни «Кӣ аввал…» дар он ончунон маҳкам ҳукумат дорад, ки дигар тағйироте дар он ворид намудан қариб номумкин аст гўем, хато намекунем.
Масалан агар гўем, ки ҳамин ташдид ба забони тоҷикӣ он қадар лозим нест ва агар онро аз имло бардорему аз як дардисарӣ иншонависонро озод намоем, дар назари баъзе забоншиносон қиёмат қоим шудагӣ барин менамояд. Зеро дар тафаккури эшон ҳамин қонуни «Кӣ аввал…» кайҳо ҳукумат дорад. Ва онҳо намехоҳанд, ки аз ин алифбои Ҳилол Карим (рўҳаш шод бод!) як шоху баргаке кам шавад.
Аниқтараш тасаввур карда наметавонанд. Чӣ расад ба гирифтани ташдид. Ҳол он ки дар арабӣ низ ташдидро ду ҳарф наменависанд, балки аломате дар қатори ҳаракатҳои зеру забар мегузоранд, ки аксар вақт навишта намешаванд.
Офарин ба ислоҳотсозе чун Пётри 1, ки ҷуръат карда, алифбои кириллиро аз шоху баргҳо хело тоза намуда буд.
Бале, қонуни «Кӣ аввал… » дар хуну гўшти мо реша давондааст.
Аз он халосӣ нест. Ба он итоат бояд кард.
Мана, шахсе меояд, вай нимбараҳна аст, ҳа ҳеҷ гап не, аввал одам бараҳна ҳамин хел ба дунё меояд-ку. Чашм пўшед!
«СССР»\21.05.09.
Муаллимонро даст гирем ё по?
Мувофиқи таълимоти чиниҳо агар муаллимони давлате мўҳтоҷ бошанд, пояи давлат бақо нахоҳад дошт.
Муаллим кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё