Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муаллим щахси донишмандтар аз дигар табақоти ҷомеа. Табақаи хирадманди ҷомеа. Устоди ҷомеа. Дар тамоми давру замонҳо ёрирасони одамон ва дармонбахши рўҳониёти мардум. Идеали ҳар як таълимдида нахуст дар шахси муаллим ҷилвагар мешавад. Зеро муаллим ба ҷавҳари ҷомеа, яъне ҷавонон, сарукор дорад.
Инак, 17 сол аст, ки муаллим қариб бемаош кор карда меояд. Аз 5 ҳазор рубли барҳамхўрда сар карда, то 300 – 400 сомонии имрўза. Ҳар доим 40 – 50 % маош аз тарафи Ҳукумат баланд мешавад. Баробар бо бардоштани маош нархи маҳсулот низ боло меравад. 17 сол аст устоди бачаҳо дар фикри нони серӣ аст. Равған тамом шуд, гўшт кай мехарем, либос ва ғ. 17 сол ин як давраи балоғати ақл аст.
Бо пош хўрдани СССР сардорони идораҳо идораҳову кабинетҳояшонро хусусӣ карда гирифтанд. Ба ронандаҳо мошинҳояшон насиб гашт, колхозчиён соҳиби замин шуданд. Аммо муаллим чӣ? Фикр мекунам, ҳеҷ як табақаи аҳолӣ аз пошхўрии Ҳукумати Шўроҳо ин қадар зарар надидааст, ки муаллим дид.
Муаллими «ҳақиқӣ», «баномус» ин истилоҳотест, ки 17 сол аст муаллимро дар мактаб қапидааст. Бо вуҷуди зарбаҳои сахти зиндагӣ, норасоию камбудиҳои рўзғор ўро дар синфхона нигоҳ доштааст. Зеро ў ин касбро дўст медорад, аз дилу ҷон дўст медорад. Дарс ҳаёти ўст.
Бўйи рангу бўйи хосаи мактаб ўро рўҳ мебахшанд. Пурсиши вазифаи хонагиву баёни мавзўи нав ўро ҷони дигаре медиҳанд. Ҳамсояҳо ба мардикорӣ ба Русия рафтанд, вале ў дар мактаб монд. Ҳама дар фикри бойгариву сарват, аммо ў бо дарсаш содиқ монд.
Дар ин 17 сол ҳама фаҳмид, ки муаллимӣ чӣ касбест. Муаллим чӣ зиндагӣ дорад, чӣ гуна хона дорад, пиёда аст ё мошинсавора, хулоса, чӣ рўзгореро аз сар мегузаронад. Дигар падар ба писараш намегўяд, ки «писарам нағз хону муаллим шав». Зеро муаллим шав, чун муродифи камбағалу мўхтоҷ шав ба гўш мерасад. Кӣ мехоҳад, ки фардо писараш азоб кашида хонда ба нони хўрдан зор шавад? – Ҳеҷ кас!!!
Агар дар ҷое бо сабаби ҳодисаи табиӣ харобие рўй диҳад, фондҳо ташкил медиҳанд, то ин харобӣ бартараф шавад. Зеро ин харобӣ ба чашм аён аст. Аммо ин харобие, ки дар майнаи одамон бинобар сабаби камбуди устод рўй додааст, ба назарҳо ноаён аст ва онро касе намебинад. Аммо чӣ оқибати мудҳише ба бор меорад, ин номаълум аст.
Савдогар шавам ё муаллим?
Ду бародар буданд, чун бузург шуданд, пайи интихоби касб рафтанд. Калонӣ муаллим шуд ва хурдӣ савдогар. Чун оиладор ва соҳиби фарзандон гаштанд, ҳавлии падарро ду қисм карда, зиндагии мустақилона барпо намуданд. Бародари хурдӣ ба тиҷорат машғул шуда, фоидаи калон ба даст овард.

пешина
аз 161
навбатӣ